Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили "Шоми Фалак"

20.10.21.3Рӯзҳои 20, 21 октябри соли равон бахшида ба Рӯзи Фалак дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев маҳфили “Шоми Фалак” баргузор мегардад.

Дар маҳфили фалаксароён ҳунармандони гурӯҳи “Фалак”-и ба номи Одина Ҳошимов ва беҳтарин ҳунармандони фалаксаро аз ВМКБ ва вилоятҳои Хатлону Суғд иштирок ва ҳунарнамоӣ менамоянд.

Мухлисони санъати мардумии Фалакро ба чорабинии фарҳангии мазкур даъват менамоем. Оғози чорабинӣ соати 17.30.