Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тадқиқотҳои геобостоншиносии байналмиллалӣ дар ёдгориҳои асри сангии Хонақо, Кулдара ва Оби-Мазор-и ноҳияи Ховалинг

19.10.21.5 1Имрӯзҳо аҳли ҷомеа дарк намудаанд, ки воқеан ибтикори дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати асолати миллӣ, забон, фарҳанг аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ равона гардидаанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ҳамасола кашфиётҳо ва дастовардҳои бузурги бостоншиносӣ дар ёдгориҳои қадимаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафриётҳо гузаронида мешавад, ки барои баланд бардоштани таъриху фарҳангӣ миллӣ, рӯҳияи ватандӯстӣ, худгоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад.

Вобаста ба болоравии мақоми таъриху фарҳанги миллати тоҷик таваҷҷӯҳи ҷаҳониён рӯз аз рӯз ба кишвари мо афзоиш меёбанд. Аз 20 сентябр то 10 октябри соли 2021 дар ёдгориҳои асри сангии Хонақо, Кулдара ва Оби-Мазор (Лоҳутӣ)-и ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон тадқиқотҳо ва ҳафриётҳои геобостоншиносии байналмиллалӣ бо иштироки бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ, тадқиқотҳои олимони хориҷии Институти ҷуғрофии АИР (Федератсияи Руссия), Институти физ-зам АИР (Федератсияи Руссия), Донишгоҳи Осло (Норвегия), Донишгоҳи техникии Дания ва Донишгоҳи Горгани Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронида шуд.

Лоиҳаи байналмиллалии ТНСА дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида, муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ, ҷиҳати таъин ва эълон намудани таърихи сукунати инсони қадим дар ёдгориҳои асри сангӣ ҳафриётҳои геобостоншиносӣ гузарониданд, ки барои муайян намудани зиёда аз як миллиону ду сад ҳазор сол аз ёдгориҳои мазкур намунаҳои хок гирифта шуд.

19.10.21.5 219.10.21.5 319.10.21.5 4