Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ёдкарди Махсум Олимӣ дар маҳфили «Ганҷи сухан»

19.10.21.3Нишасти 194-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, ки дар толори китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ба зиндагӣ ва фаъолияти адабии шоири шодравон Махсум Олимӣ бахшида шуд.

Дар сухани ифтитоҳии роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов зикр гардид, ки ёдкарди чеҳраҳои адабиву фарҳангӣ, афроди фарҳехтаи миллат дар маҳфили “Ганҷи сухан” ба анъана даромадааст. Мавсуф дар бораи фаъолияти адабии Махсум Олимӣ изҳори назар намуда, аз чопи китоб дар перомуни рӯзгору осори шоир, ки бо эҳтимоми адабиётшинос Нуралӣ Нурзод интишор гардидааст хабар дод.

Сипас дар бахши навгониҳои илмиву адабӣ Шоира Ҳакимова, номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад карда, ҳозиринро аз рӯйдодҳҳои муҳими илмиву адабӣ ,ки дар як моҳи охир баргузор гардидааст ва китобҳои тозанашр ошно намуд. Аз ҷумла китобҳое монанди “Сӣ баҳори Истиқлол”, “Фарҳод ва Ширин”-и Алишери Навоӣ, “Сӣ соли пуршараф”, “Ҷомеаи арзишҳои фарҳангӣ”-и Нодирҷон Солиҷонов, “Маърифати адабиёт ва нақди шеър”-и Ромиз Абдулло ва чандеи дигар муаррифӣ гардиданд.

Ҳанӯз боре ҳам ӯро надида будем, вале ашъорашонро аз забони ҳунармандон шунидем ва чандин аз сурудаҳояшонро азбар медонистем. Ҳамин сурудаи машҳури саршор аз андешаву оини ҷавонмардӣ, ки он рӯзгор бо садои ҳунарманди нотакрор Хосияти Зарафшонӣ садо медод, аз замони толибилмӣ дар мактаби русто бароямон ошно буд ва муболиға ҳам нахоҳад шуд, агар бигӯем, ки аксари ҳамсолони ман ин шеърро аз садои ин ҳофизаи хушсадо азбар намуда буданд:

Тарси ман аз ҷому аз май нест,
Тарси ман аз нолиши най нест.
Тарси ман аз дарди бедард аст,
Тарси ман аз марди номард аст.
Тарси ман аз маргу душман нест,
Тарси ман аз сели баҳман нест.
Тарси ман аз ҷанги дунёист,
Тарси ман аз ёри ҳарҷоист.
Тарси ман аз тармаи кӯҳ нест,
Тарси ман аз дарду андӯҳ нест.
Тарси ман аз ёри ағёр аст,
Тарси ман аз ёри айёр аст.

Нуралӣ Нурзод дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки “Воқеан, агарчи шеъри Махсум Олимӣ аз соддагиву равонии хосае бархурдор аст, аммо таҳқиқ дар ҷанбаҳои ҳунарии он метавонад нуктаҳои дигареро ҳам барои мо ҷилвагар созад, ки падидаҳои нотакрори ҳунарӣ каломашро хеле пурҷозибаву боназокат гардонидаанд. Ӯ ба ҷаҳони омадшуд бо нигоҳе ба худ хос назар меафканад ва ҳатто гоҳе дар ҳолу ҳавои муайян ва махсуси хеш ҷаҳонро ба гиря ё дар ҳоли ашк рехтан мебинад ва ҳатто ба ҷое мерасад, ки худи ҳолати муқаррарии инсонӣ- ханда ҳам дар нигоҳи мард ё инсони озурда ташнаву ташнаҷон ба гиря меояд”.

Раиси суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод хотираҳои равшани худро аз нишасту мулоқотҳои хеш бо шоири шодравон Махсум Олимӣ баён кард. Ӯ бештар аз ҷавонмардиву ҳиммати баланд ва инсонгарии шоир ёд намуд.

Дар суханронӣ ва шеърхонии худ шоираи ширинкалом Сурайё Ҳакимова низ аз шеъри Махсум Олимӣ ёд кард ва силсилаи шеърҳои нави худро қироат кард.

Шеърхонии шоирон Баҳром Мирсаидов ва Шаҳриёр Олимӣ ба маҳфил ҳусни тоза бахшид. Сарояндаи хушнаво Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнҷон Юсупов чанд суруди навро аз ашъори Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва Махсум Олимӣ барои ҳозирин эҳдо намуд.

Заррина Каримова