Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҷмӯаи “Нома ба Панҷшер” рӯнамоӣ шуд

19.10.21.215 октябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии маҷмӯаи “Нома ба Панҷшер”, ки аз ҷониби шоири ҷавон Иброҳимҷон Дӯстализода гирдоварӣ шудааст, баргузор гардид.

Дар ҳамоиш аҳли зиё, адибон ва алоқамандони адабиёт иштирок намуда, перомуни нашри маҷмӯаи мазкур ва арзиши он сухан гуфтанд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки нашри ин маҷмӯа ҳамовозии аҳли қалами Тоҷикистон ба ҳаракати бедорӣ ва сулҳхоҳии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо роҳбарии Аҳмад Масъуд аст.

Дар китоби мазкур аҳли зиёи кишвар ғасби Афғонистонро аз ҷониби гурӯҳи террористии “Толибон” маҳкум карда, хостори истиқрори сулҳу осоиш дар ин ҳамсоякишвар шудаанд. Маҷмӯаи “Нома ба Панҷшер” аз 264 саҳифа иборат буда, он аз сӯйи ТҶБ “Истиқбол” ба нашр расидааст.

Ин китоб ашъори шоирони тоҷик Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Меҳринисо, Рустам Ваҳҳобзода, Ато Мирхоҷа, Озарахш, Шаҳрия ва инчунин мақолаҳои донишмандону журналистон Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Шукурзода, Ҳафиз Раҳмон, Анзурати Маликзод ва дигаронро дар бар мегирад.

“Ҷавонони Тоҷикистон”