Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Муждаи деринтизор фаро мерасад

19.10.21.1Ахтари дурахшони балети ҷаҳонӣ, ҳунарманди дӯстдошта, ҳунарпешаи халқии Федератсияи Россия, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фаррух Рӯзиматов бо даъвати театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба Душанбе меояд.

4 декабри соли 2021, соати 17:00 дар театр нахустнамоиши балети "Садди оташ" ва барномаи ҳунарӣ баргузор мегардад.

Шиддати драмавӣ бо шуълаи гарми "Садди оташ" дар мусиқии композитори шуҳратёр, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қудратулло Яҳёев, либреттои нависандаи хушсалиқа Тоҳир Мамадризоев, балетмейстерони таҳиягар Равшан Чариев, Сергей Райник (Россия) ва бо роҳбари бадеии лоиҳа ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шавкат Халилзода танинандоз мегардад.

Роҳбарияти театр мухлисон ва ихлосмандони санъати опера ва балетро ба ин барномаи ҳунарӣ даъват менамояд.