Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар кишварҳои ИДМ беҳтарин муаллимони ГИТИС дарс мегузаронанд

19.10.21Аз 19 то 21 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи барномаи таълимии касбӣ дар асоси санъати саҳнавӣ аз рӯи усули К.Станиславский бо номи «УСУЛИ СТАНИСЛАВСКИЙ» машғулияти омӯзишӣ баргузор мешавад. Дар ин бора намояндагии Маркази илмию фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар додааст.

Дар доираи лоиҳаи муштараки «Россотрудничества» ва Донишкадаи санъати театрии Русия беҳтарин устодони ГИТИС аз кишварҳои ИДМ, Осетияи Ҷанубӣ ва Юнон дидан мекунанд. Масири сафари академӣ Бишкек, Боку, Брест, Гомел, Ереван, Гюмри, Душанбе, Алмато, Тошканд, Кишинёв, Схинвалро дар бар мегирад.

Машғулияти омӯзишӣ дар заминаи театрҳои касбӣ ва академияҳои санъати театрӣ гузаронида мешаванд. Дар пойтахти Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ оид ба вокал барои ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад.

Давоми 3 рӯз курси такмили ихтисосро профессори ГИТИС, омӯзгори Консерваторияи давлатии Москва, Ҳунарманди халқии Русия Олег Кулко мегузаронад.

Дар солҳои гуногуни фаъолияти эҷодӣ муаллим солисти Театри опера ва балети ба номи Т.Шевченко, Театри Калони Русия ва «Метрополитен опера» будааст.