Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нашри ду намуд руқъа аз ҷониби Муассисаи нашриявии “Ирфон”

18.10.21 13Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи нашриявии «Ирфон» ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ду намуд руқъа (откритка) бо теъдоди 1000 нусха  рӯи чоп омад.

Руқъаҳо таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари куҳанбунёд» ва «Тоҷикистони замони истиқлол» ҳар яке иборат аз 30 акси мавзеъҳои таърихӣ ва биноҳои муосир бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расидаанд. «Димнаи Муғтеппа», «Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «Мақбараи Хоҷа Машҳад», «Қалъаи Хуҷанд», «Қалъаи Вомар», «Мақбараи Хоҷаи Нур», «Кӯҳи Чилдухтарон», «Гармчашма», намунаҳо аз кишвари куҳанбунёд буда, «Кохи Наврӯз», «Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ», «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», «Қасри миллат», «Боғи Куруши Кабир», «Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров», «Бозори Меҳргон», Кохи фарҳанги «Суғдиён», «Амфитеатр» ифтихор аз Тоҷикистони замони истиқлол мебошанд.

Маводи мазкур армуғон ва роҳнамои хубест барои сайёҳону меҳмонони кишвари қадимиву рушдкардаи мо-Тоҷикистон. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Ирфон» қадами аввалинест миёни ноширони мамлакат, ки қобили дастгирӣ мебошад.