Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили ҷашни Меҳргон дар ноҳияи Рӯшон

15.10.21.4Ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷашни Меҳргонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуд. Дар чорабинӣ маҳсулоти соҳаи кишоварзии сокинон ба намоиш гузошта шуд. Дар ин боар АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ин ҷашни бошукӯҳ муовини якуми раиси ноҳия Гулмаст Дӯстализода ва сокинони ноҳия иштирок намуда, бархе аз кишоварзони пешқадам бо Ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Дар анҷоми намоиши идона барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои ҷаззобу дилфиреб манзури иштирокчиён гардид.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ба истиқболи ҷашни Меҳргон кишоварзон, аз ҷумла пахтакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.