Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки Абдуқаҳҳори Қосим дар 58-умин Конфронси байналмилалии вохӯрии адибон дар Белгради Сербия

15.10.21.3Ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози миллии “Ҳаракати ҷаҳонии шеър” (WPM) шоир Абдуқаҳҳори Қосим бо даъвати Президенти Ҷамъияти фарҳанг, санъат ва ҳамкориҳои байналхалқӣ "Адлигат" (Осорхонаи китоби Сербия) Виктор Лазич дар 58 умин Конфронси байналмилалии вохӯрии адибон дар Белгради Сербия, таҳти унвони “Вожаҳое, ки қитъаҳоро мепайванданд” ширкат варзид.

Дар доираи Ҷаласаи 58 -уми байналмилалии нависандагон дар Белград, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи нависандагони Сербия, дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи фарҳанг, санъат ва ҳамкории байналмилалӣ Адлигат ва дастгирии Ассотсиатсияи Алия Мунди Конфронси онлайнии “Вожаҳое, ки қитъаҳоро мепайванданд ” баргузор гардид.

Дар ин конфронс 24 нависанда аз 21 кишвари панҷ қитъа иштирок доштанд. Ҳатто бонуи аввали Малдив ва инчунин муҳимтарин нависандагони зиндаи Индонезия ба ин конфронс ҳамроҳ шуданд. Адибон аз Осиёи Марказӣ, нимҷазираи Апеннин, Нигер ва Ганг ва Халиҷи Форс, Академик Насима Муҳаммад, хонуми аввали Малдив (зани нахустин президенти мустақилили ин кишвар) ва инчунин нависанда Такиб Шекер, нависандаи эронӣ Ризо Амирхонӣ, Нгози Оливия Осуоха аз Нигерия, аз Малӣ, аз Алҷазоир профессор Смаил Ҷабрир, адибон аз Ҷопон, Бангладеш, Лубнон, Филиппин, Чин, инчунин аз Мальта, Италия, Португалия ва ғайра ба барнома мустақиман ё тавассути паёмҳои видеои пайвастанд.

Дар ин ҳамоиши бузурги адабӣ, ки минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро мепайвандад, шоир ва ходими намоёни ҷамъиятӣ Абдуқаҳҳори Қосим бо забони ноби тоҷикӣ, ки тарҷумаи он бо забони англисӣ пешакӣ ба масъулони Конфронс дастрас шуда буд, баромад намуд.

Ҳамзамон, мавсуф аз ҷониби Шӯрои Созмонҳои беҳдошт – Ҳиндустон, бо мукофоти Махатма Гандӣ, дипломи “Барои паҳн кардани сулҳ ва ризоият дар дунё тавассути шеър” сарфароз гардид.