Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Ҷумҳурии Фаронса оғоз гардид

14.10.21.6 3Намоиши осори таърихии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон рӯзи 13 октябри соли 2021 дар Осорхонаи миллии санъати Осиё “Гиме”-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса оғоз гардид. Пас аз ифтитоҳи расмӣ ва боздиди сарони ду давлат аз намоиш, қисмати тантанавии он баргузор гардид.

Дар намоиш доираи васеъи намояндагони ҳарду мамлакат: Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Каримзода Убайдулло, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Бобомуллоев Саидмурод ва Президенти Осорхонаи миллии санъати Осиё “Гиме” хонум София Макариу, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Ясмин Гуедар, Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тағон, директорони осорхонаҳои Ҷумҳурии Фаронса, инчунин муҳаққиқону дӯстдорони осори атиқа иштирок намуданд.

Президенти Осорхонаи миллии санъати Осиё “Гиме”-и шаҳри Париж хонум София Макариу, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса (собиқ Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) Ясмин Гуедар суханронӣ намуда, ифтитоҳи намоиши мазкурро натиҷаи густариши равобитаҳои фарҳангӣ ва омили боз ҳам наздик намудани мардумони ду кишвар номиданд.

Дар намоиши мазкур 211 адад осори таърихии аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфт гардида, ба намоиш гузошта шудаанд, ки далели равшани соҳиби таъриху тамаддуни куҳан ва фарҳанги пурғановат будани миллати тоҷик мебошанд. Ин намоиш ҳар як тамошобинро бо давраҳои пурифтихори миллати тоҷик шурӯъ аз ҳазорсолаи IV пеш аз милод то X милодӣ шинос менамояд. Намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, то 10 январи соли 2021 дар Осорхонаи миллии санъати Осиё “Гиме”-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса идома меёбад.

Ёдрас мешавем, ки дар намоиш бозёфтҳои ёдгориҳои марбут ба “Саразм”, “Оини Зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён”, “Давлати Сосониён”, “Панҷакенти қадим”, “Бунҷикат”, “Дайри буддоии Аҷинатеппа”, “Ҳулбук”, “Сайёд” ва дафинаи сиккаҳои “Давлати Сомониён” гузошта шудаанд.

14.10.21.6 114.10.21.6 214.10.21.6 4