Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Япония

14.10.21.114 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири фарҳанг Сафарзода Давлат Шариф бо намояндаи Сафорати Япония дар Тоҷикистон Кейта Хорӣ ва мушовири бахши тадбиқи лоиҳаҳои Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) Кавабата Шохей баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот раванди тадбиқи лоиҳаи “Таъмини таҷҳизоти пойгоҳҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон” баррасӣ гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои Вазорати фарҳанг бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) доир ба табъу нашр ва фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.


14.10.21.2 114.10.21.2 214.10.21.2 314.10.21.2 414.10.21.2 514.10.21.2 6