Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорати фарҳанг

13.10.21.2 1

13 октябри соли равон дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2021 баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф ифтитоҳ бахшида, ба ҳамаи муассисаҳои театрию консертӣ, раёсат ва шуъбаҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ки дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Шоми дӯстӣ” бахшида ба 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай саҳми арзанда гузоштанд, минннатдории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро иброз намуда, гузориш оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва табъу нашр дар нуҳмоҳаи соли 2021 пешниҳод кард.

“Дар соли равон то ин муддат дар саросари мамлакат чорабиниҳо дар робита ба ҷашнҳои муҳими милливу таърихӣ дар сатҳи баланд доир карда шуда, ҷашнҳои 28-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”, маҳфилҳои шеъру суруд-«Ширу шакар», барномаҳои консертӣ бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, баргузории Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-раванди Истамбул”, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бахшида ба 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай, Рӯзи китоб, Рӯзи Рӯдакӣ бо мундариҷаи нав сурат гирифтанд ва ба рушди минбаъдаи фарҳанги миллӣ заминаҳои ҷиддӣ фароҳам оварданд.

Ҳамзамон дар нуҳмоҳаи соли 2021 дар театрҳои касбии кишвар 26 асари нав саҳнавӣ гардид, ки аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 6 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 20 намоиш рӯи саҳна омад.

Айни замон, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши илмӣ, таҳия ва пешниҳоди номинатсияҳо барои ворид намудан ба Феҳристи Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва корҳо дар самти таҳқиқи ҳунарҳои мардумӣ идома доранд.

Муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра дар маҷмӯъ 8 номгӯй китоб, бо теъдоди 5233 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд”, иброз дошт муовини вазир дар суханронии хеш.

Сафарзода Давлат Шариф аз дастовардҳои назарраси вазорат суханронӣ намуда, инчунин оид ба камбудиҳою норасогиҳои ҷойдошта низ, ибрози андеша намуд.

Сардорони раёсат ва шуъбаҳоро вазифадор кард, ки барои саривақт таҳия ва пешниҳод намудани гузоришҳои дар ҷаласаи ҳайати мушовара баррасишаванда ва ҳуҷҷатҳои назоратӣ бо масъулияти баланд муносибат намоянд. Бо мақсади тақвияти фаъолияти театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ ҳалли проблемаҳои зеринро дар мадди аввал ва саривақтӣ шуморид:

- аз ҷиҳати бадеӣ ба талаботи замони муосир мувофиқ гардондани барномақо ва намоишномаҳо;

- таҳкими базаи моддӣ-техникии театрҳо, гурӯҳҳо ва ансамблҳо;

- дарёфти асарҳои бадеию мусиқии баландғояи замонавӣ;

Оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва таъмирию сохтмонии вазорат дар нуҳмоҳаи соли равон муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо гузориш пешниҳод намуд. Дар давраи нуҳ моҳи соли равон дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва илмии соҳа ва берун аз он силсилаи чорабиниҳои илмию назариявӣ, фарҳангию тарбиявӣ, таблиғотию эҷодӣ, намоиши асарҳои эҷодии адибон, рассомону ҳунармандон ва дигар чорабиниҳо бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гардиданд, ки дар баланд бардоштани маънавиёт, сатҳу сифати таълим ва васеъ гардидани ҷаҳонбинии донишҷӯёну хонандагон нақши муҳим бозиданд.

“Дар давраи ҳисоботӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мукаммалгардонии фонди китобхонаҳои муассисаҳои таълимии соҳа аз тавозуни вазорат ба тавозуни Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 70 адади китобҳои “Қаламкашӣ”, “Основа композитсии”, “Дизайни муосир” дар маҷмуъ 110 адад китоб бо арзиши 10521, 0 сомонӣ ва ба Колеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов амволи зерин ба миқдори 90 адад китоб бо арзиши 4509,0 гузаронида шуд.

Ҳамчунин тибқи фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2021, таҳти №440 оид ба ҷудо намудани китоби дарсии касбӣ ба муаасисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби дарсии “Маҷмӯаи сурудҳои бачагона”, “Китоби хониши партитураи хорӣ аз асарҳои оҳангсозони Тоҷикистон”, “Ҳамнавои дил”, “Савти Сомон”, “Хуршеди тобон” ва ғайра, ки аз ҳисоби маблағҳои барномаи давлатӣ ба табъ расидааст, тибқи рӯйхат 880 адад ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ тақсим карда шудаанд”, иброз дошт Шарифзода Манучеҳр Муртазо.

Доир ба фаъолияти муассиаҳои табъу нашр дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ сардори Раёсати табъу нашр ва матбуот Шералиев Раҳмоналӣ суханронӣ намуда, пешниҳод кард, ки савдои китоб дар шаҳру ноҳияҳо, маҳалҳо ба роҳ монда шавад. Инчунин, нашри адабиёти бачагона, ки хеле кам ба назар мерасад, роҳандозӣ гардад.

Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Мирзоалиев Нуралӣ пешниҳод намуд, ки аз биноҳои номувофиқи шаҳру ноҳияҳо китобхонаҳо бароварда шаванд.

Оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муассисаҳои театрию консертӣ дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ гузориши сармутахассиси Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадризоев Тоҳир шунида шуд. Номбурда, оиди дар сатҳи баланд доир гардидани чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, “Роҳпаймоии идона”, баргузории “Шоми дӯстӣ” гузориши пурмуҳтаво ироа намуд.

Инчунин, аз ҷониби кормандону мудирони шаҳру ноҳияҳо якчанд таклифҳо пешниҳод гардид, ки бо дархости Сафарзода Давлат Шариф бо таври хаттӣ ба Вазорати фарҳанг ироа мегарданд.

Марям Холиқзода

13.10.21.2 213.10.21.2 313.10.21.2 413.10.21.2 513.10.21.2 613.10.21.2 713.10.21.2 813.10.21.2 913.10.21.2 1013.10.21.2 1113.10.21.2 1213.10.21.2 1313.10.21.2 1413.10.21.2 1513.10.21.2 1613.10.21.2 1713.10.21.2 1913.10.21.2 2013.10.21.2 2513.10.21.2 2413.10.21.2 2213.10.21.2 2313.10.21.2 2613.10.21.2 27