Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Матни сухани муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва таъмириву сохтмонии вазорат дар нуҳмоҳаи соли 2021

13.10.21.1Муҳтарам аъзои ҳайати мушовара,

Ҳозирини гиромӣ,

Лозим ба зикр аст, ки муассисаҳои таълимӣ ва таъмирию сохтмонии вазорат дар давраи 9 моҳи соли 2021 фаъолияти худро баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ равона намуда, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуқтаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии кишвар ироа гардидаро мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дода, тибқи қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг ва нақшаи кории шуъба барои соли 2021 дар баргузории ҷашнҳои 28-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модар, 24 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва илмиву назариявии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Дар ин давра дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва илмии соҳа ва берун аз он силсилаи чорабиниҳои илмию назариявӣ, фарҳангию тарбиявӣ, таблиғотию эҷодӣ, намоиши асарҳои эҷодии адибон, рассомону ҳунармандон ва дигар чорабиниҳо бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гардиданд, ки дар баланд бардоштани маънавиёт, сатҳу сифати таълим ва васеъ гардидани ҷаҳонбинии донишҷӯёну хонандагон нақши муҳим бозиданд.

Зимнан қайд менамоем, ки санаи 16 марти соли 2021 конференсияи илмӣ назариявӣ таҳти унвони “Наврӯз дар оинаи фарҳанги тоҷикон”, таърихи 12 марти соли 2021 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи “Роҳҳои навсозии омӯзиши назарияи мусиқӣ”, рӯзи 28 июни соли 2021 конференсияи байналмилалии илмӣ назариявии “Шашмақом ва масоили мубрами рушди фарҳанги мусиқии тоҷик дар марҳалаи муосир” бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, санаи28 январи соли 2021 рӯнамои китобҳои тозанашр таҳти унвони “Эҳёи ҷашнҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон” дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 майи соли 2021 намоишҳои асарҳои эҷодии Сабзалӣ Муродзода бо унвони “Равзанаи ошноӣ”, намоиши корҳои эҷодии омӯзгор – рассом Сайфудинов Анваршо зери унвони «Чил калид», Фестивали «Мӯд-2021», намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорон – рассомони донишкада таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, санаи 19 июни соли 2021 ифтитоҳи “Нигористони ба номи Валимад Одинаев” дар қитъаи таълимии “Аржанг” бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон ва барномаи консертӣ бахшида ба 90 солагии Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Аҳмад Бобоқулов баргузор гардиданд.

Муҳассилини муассисаҳои таълимии соҳа дар баргузории маросими ифтитоҳи расмии фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе бо унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ” (5 - уми майи соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии “Аҳорун”), чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Душанбе-маскани озодагон” (05.06.2021 дар назди шаршараи Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”), сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим - Жомарт Такаев ( 19 - уми майи 2021 дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”) ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Шоми дустӣ (санаи 10 - уми июни соли равон дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”), маросими ниммарафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай (13 - уми июни соли 2021) саҳми назаррас гузоштанд.

Роҳбарият ва кормандони вазорат санаи 1 сентябри соли равон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар муассисаҳои таълимии вазорат аз ҷумла: Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, ва Коллеҷи ҷумҳуриявии хереографии ба номи М. Собирова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон 22 - юми сентябри соли равон дар толори “Арғунун” - и ДДФСТ ҳамоиши бузургдошти устод Рӯдакӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мукаммалгардонии фонди китобхонаҳои муассисаҳои таълимии соҳа аз тавозуни вазорат ба тавозуни Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 70 адади китобҳои “Қаламкашӣ”, “Основа композитсии”, “Дизайни муосир” дар маҷмуъ 110 адад китоб бо арзиши 10521, 0 сомонӣ ва ба Колеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов амволи зерин ба миқдори 90 адад китоб бо арзиши 4509,0 гузаронида шуд.

Ҳамчунин тибқи фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.11.2021, №440 оид ба ҷудо намудани китоби дарсии касбӣ ба муаасисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,китоби дарсии “Маҷмӯаи сурудҳои бачагона”, “Китоби хониши партитураи хорӣ аз асарҳои оҳангсозони Тоҷикистон”, “Ҳамнавои дил”, “Савти Сомон”, “Хуршеди тобон” ва ғайра, ки аз ҳисоби маблағҳои барномаи давлатӣ ба табъ расидааст, тибқи рӯйхат 880 адад ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ тақсим карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки йни замон 14 номгуи китобҳои дарсӣ “Сборник фортепиьянных пьес”, “Херестоматия” ҷ. 1 (муаллиф Олимова Х.) “Школа игры на фортопиано”, “Маҷмуаи сурудҳо барои бачаҳо” (муаллиф Шарипова Х.), “Булбулакон сароед” (муаллиф Шарипова Х.), “Назарияи ибтидоии мусиқӣ” (муаллиф Ҷ. Охунов), “Сольфеджио” ҷ. 1, “Сольфеджио” ҷ. 2, “Сольфеджио”(муаллиф Ҷ. Охунов), Херестоматия ҷ. 2 (муаллиф Олимова Х.), “Созшиносӣ” (муаллиф Давлатзода Б.), “Фортепянная игра”, “Дастури таълимӣ” (муаллиф Нарзуллоев Б.) бо теъдоди 3700 адад, бо арзиши 279110 сомонӣ ба нашриёт пешниҳод шуда, омодаи чоп аст.

Мутобиқи талаботи «Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳоитаълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.06.2017, №281 тасдиқ шудааст, аттестатсияи омӯзгорони мактабҳо ва коллеҷҳои санъат ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, бо қарори комиссияи аттестатсионии Вазорати фарҳанг ба 5 нафар омӯзгорон дараҷаи олии тахассусӣ дода шуда, дараҷаи тахассусии олии 18 нафар омӯзгорон барои 5 соли минбаъда тасдиқ карда шуд.

Дар нӯҳ моҳи соли 2021 муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг дар самти фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, корҳои илмӣ-методӣ ва эҷодӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, сессияи зимистона ва тобистонаи соли таҳсили ҷориро дар асоси санадҳои меъёрии тасдиқгардида ҷамъбаст намуданд.

Айни замон дар тобеияти Вазорати фарҳанг 12 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 3 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ; 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ; 2 мактаби миёнаи махсуси ҷумҳуриявии санъат ва мусиқӣ; 1 Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот фаъолият менамоянд.

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар нӯҳ моҳи соли равон фаъолияти гуногунҷанбаи худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, амалӣ гардондани нишондодҳои «Барномаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2021» - ро сармашқи кори худ намуданд.

Сессияи санҷишу имтиҳонҳои зимистонаи соли хониши 2020-2021 дар донишкада тибқи талаботҳои меъёрии баргузории сессияи имтиҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронида шуда, фоизи азхудкунии сессияи зимистонаи соли 2021 91,92% ва сифати таълим 19,72% - ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи сессияи санҷишу имтиҳонии соли 2020 азхудкунӣ 5,56% ва сифати таълим 1,84 % кам мебошад.

Дар соли таҳсили 2021 қабули донишҷӯён пас аз натиҷагирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкада иҷроиши нақшаи қабул 50% иҷро гардид.

Имсол аз коллеҷҳои соҳавӣ 43 нафар ва барои гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ 20 нафар, аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ 16 нафар баъд аз гузаштани суҳбати тахассусӣ ба донишкада қабул карда шуданд.

Дар бахши магистратура бошад, аз ҳисоби хатмкардагон 10 нафар қабул карда шудааст, ки 10%-и нақшаи қабулро ташкил медиҳад, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) 2 нафар ва 3 нафар унвонҷӯ дохил шуд.

Аз самтҳои муҳими дигар, ки барои рушду тавсеаи иқтидори илмии муассиса мусоидат менамояд, баргузории конфронсҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмию оммавӣ мебошад. Дар шаш моҳаи аввали соли 2021 дар заминаи факултаҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ 19 конфронси илмии дараҷаҳои гуногун гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои мухталифи рӯзмарра баррасӣ гардиданд.

26 феврали соли 2021 бо ибтикори Донишкадаи давлатии фарҳанги Челябинск, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо унвони “Россия - Ӯзбекистон - Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ “Нақши олимони ҷавон дар ҳалли масъалаҳои муҳимми соҳаи фарҳанг: таърих, инноватсия ва дурнамо” тариқи онлайн баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши илмии сатҳи байналмилалӣ 16 мақолаи устодони донишкада мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифта, ба чоп тавсия дода шуданд.

Дар раванди кориконференсия наздик ба 60 мақолаи илмӣ шунида шуда, маҷмӯаи мақолаҳо бо унвони «Россия - Ӯзбекистон - Тоҷикистон. Нақши олимони ҷавон дар ҳалли масъалаҳои муҳимми соҳаи фарҳанг: таърих, инноватсия ва дурнамо” дар таҳрири Владимир Рушанин, Иброҳим Юлдошев ва Муҳриддин Низомӣ дар ҳаҷми 384 саҳифа дар нашриёти ООО “LESSON PRESS” аз чоп баромад.

Аз 19-ум то 26-уми апрели соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба ҷашнҳои “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” ва “110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ” Конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону аспирантон ва магистрону донишҷӯён бо унвони «Ҳафтаи илм» баргузор гардид.

Айни замон донишкада бо 28 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Белорус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Словакия шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи он ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок ба роҳ мондааст.

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон давраи ҳисоботӣ дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, варзишию солимгардонӣ ва як қатор конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва назариявӣ аз қабили намоиши корҳои эҷодии омӯзгор-рассом марҳум Фаррух Хоҷаев ва шогирдонаш бо номи «Муҳаббат ба ҳаёт», намоиши корҳои эҷодии омӯзгор-рассом Маҳмуд Саид зери унвони «Устод ва шогирд», конференсияи дохили кафедравии кафедраи санъати ороишӣ – амалӣ зери унвони «Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Арбоби ҳунари Тоҷикистон Сайфуддинов Анваршо», намоиши корҳои эҷодии омӯзгор-рассом Сайфудинов Анваршо зери унвони «Чил калид» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, конференсияи дохили кафедравии кафедраи санъатшиносӣ зери унвони «Афзалиятҳо ва масоили рушди санъат ва илми санъатшиносӣ дар Тоҷикистон», фестивали «Мӯд-2021», инчунин намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорон-рассомони донишкада таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз», намоиши корҳои эҷодии Рассоми халқии Тоҷикистон, Сабзалӣ Муродзодаи Шариф зери унвони «Равзанаи ошноӣ», конференсияи илмию амалӣ, зери унвони «30 - соли Истиқлолият ва рушд», конференсияи илмӣ- назариявӣ зери унвони «Эҷодиёти Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Дар донишкада се факултет ва 8 кафедра фаъолият дошта, раванди таълим дар зинаи бакалавриат, магистратура ва доктор PhD ҷараён дорад.

Дар даври сессияи имтиҳонии зимистонаи соли 2020-2021 донишкада аз 1039 нафар донишҷӯ 1021 нафар ё 98,2 % - донишҷӯён ба сессия роҳ ёфта буданд, ки он дар нисбати сессияи имтиҳонии зимистонаи соли гузашта +1% зиёдтар мебошад. Мувофиқи маълумоти омории садорати факултетҳои донишкада дар даври фаъоли сессияи имтиҳонии тобистонаи соли 2020-2021 аз 813 нафар донишҷӯ 810 нафар ё 99,6 % донишҷӯён ба сессия роҳ ёфта буданд, ки он нисбати соли гузашта 0,04% пасттар мебошад. Аз ин теъдод 770 нафар (95%) дар даври фаъол сессияро бо муваффақият ҷамъбаст намуданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 +22,5% бештар аст.

- аз 267 нафар хатмкунандаи бакалавриат (162 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 165 дар шуъбаи фосилавӣ/ғоибона) дар зинаи бакалавриатура 250 нафар (155 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 95 нафар дар шуъбаи фосилавӣ/ғоибона) донишкадаро хатм намуданд. Дар маҷмӯъ 17 нафар бо сабаби ширкат надоштан донишкадаро хатм карда натавонистанд. 3 нафар донишҷӯйи шуъбаи рӯзона донишкадаро аъло хатм карданд;

- дар зинаи магистратура 28 нафар ба аттестатсияи хатм роҳ ёфтанд. Аз ин шумора 27 нафар зинаи магистратураи донишкадаро бомуваффақият хатм намуданд 1 нафар бесабаб ба аттестатсия ҳозир нашуд.

Дар ҳоли ҳозир дар шуъбаи рӯзонаи Донишкада 82 гурӯҳи академӣ аз рӯйи 25 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон дар Донишкада дар соли таҳсили нав нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи 27 ихтисос таҳия ва барои ташхису тасдиқ ба МҶТМ-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Консеваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии мусиқӣ буда, дар тарбияи мутахассисони соҳаи санъати мусиқӣ нақши муҳим дорад.

Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов тибқи равияҳои асоси имусиқии касбии тоҷик се факултет: иҷрокунандагӣ (классикаи ҷаҳонӣ ва мусиқии композитории тоҷик), мусиқии суннатии тоҷик (асосан дар асоси Шашмақом ва Фалак), санъати мусиқии эстрадӣ (равияҳои муосири мусиқии тоҷик) ва 13 кафедра фаъолият дорад. Ҷараёни таҳсил бо шаклҳои рӯзона ва фосилавӣ ба амал меояд ва донишҷӯён аз рӯйи 14 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 Консерваторияро 137 нафар, азҷумла 88 нафар рӯзона (20 нафар шартномавӣ ва 68 буҷавӣ), 39 нафар ғоибона (32 нафар шартномавӣ ва 7 нафар буҷавӣ) ва 10 нафар магистр (буҷавӣ) хатм намуданд.

Тибқи нақша аз 165 нафар, 111 нафар бакалавриат қабул шуд. Аз ин шумора 75 нафар – рӯзона, 36 нафар – фосилавӣ, 56 нафар – буҷавӣ, 55 нафар-шартномавӣ, 2 нафар – таҳсилоти дуюм, 2 нафар-шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, ки он 67,2 %-ро ташкил медиҳад.

Дастоварди бузурги консерватория дар ҷодаи илм ин Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии таҳти унвони «Методикаи суннатии устод-шогирд ва татбиқи он дар мактаби олии мусиқӣ: эҳё ва инноватсия» буд,ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор шуд. Конференсия бо иштироки меҳмонони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон доиргардид.

Мусаллам аст, ки дар ин даргоҳ давоми соли таҳсил, мунтазам чорабиниҳо, барномаҳои консертӣ, консертҳои синфӣ, дарсҳои маҳорат, дарсҳои кушоди тарбиявӣ ва фестивалу озмунҳои гуногун барпо карда мешаванд. Аз ҷумла: “Модар – сароғози ҳастии башар”, “Наврӯзи Аҷам”, “Кадбонуи беҳтарин”, «Шеъри Турсунзода дар лаб, меҳри Турсунзода дар дил» ва дар Боғи Куруши Кабир зиёда аз 20 консерт аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён гузаронида шуд.

Рӯзи 9 сентябр 100 нафар кормандони консерватория ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони марказии пойтахт дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ иштирок намуданд. Инчунин дар чорабиниҳои фарҳангии бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии СҲШ омӯзгорон ва донишҷуёни консерватория иштирок намуданд.

Санаи 23 сентябр бо ибтикори кафедраи забонҳо дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дар доираи сотҳои тарбиявӣ бо иштироки донишҷӯёну устодони ин даргоҳи фарҳангӣ рӯзи гиромидошти устод Рӯдакӣ таҷлил гардид. Дар он омӯзгорон Шарифзода Л.А. дар мавзӯи «Анвои жанрҳои шеърӣ дар ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», Қурбонов О. Б. дар мавзӯи «Нигоҳи мухтасаре ба зиндагиномаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», ва Абдулҳаев З. М. дар мавзӯи «Кашфи қабри Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби устод Айнӣ» бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов даври ҳисоботӣ мувофиқи нақшаи таълимӣ дар ҳамаи бахшҳо ҷамъбасти нимсолаи якум ва дуюми соли таҳсили 2020-2021, сесияиҳои имтиҳонӣ баргузор гардид.

Сессияи имтиҳонии зимистонаро 256 нафар ва сесияи тобистонаро 231 нафар донишҷӯён бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Азхудкунӣ нисбат ба даври сессияиҳои имтиҳонии соли таҳсили 2019-2020, 18% афзудааст.

Баъд аз супоридани имтиҳони давлатӣ ва ҳимояи рисолаи дипломӣ 63 нафар коллеҷро аз рӯи 10 ихтисос хатм намуданд.

Бо мақсади қабули довталабон ба муассиса, барои ташфиқ ва тарғиби довталабон аз ҷониби котиботи комиссия маълумотномаҳои таблиғотӣ, варақаҳои маълумот дар бораи муассиса, дар ҳафтаномаи омӯзгор эълони маълумоти ба чоп расида, бо ин мақсад омӯзгорон барои таблиғот марҳила ба марҳила (моҳ ба моҳ) ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мактабҳои бачагонаи санъат ва рассомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ассосӣ сафарбар гардидаанд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида аз рӯи 16 ихтисос 190-нафар довталаб бояд қабул мегардид, дар натиҷа нақша аз рӯи 10-ихтисос, бо шумораи 94-нафар (50%) иҷро гардида, аз ин шумора 44 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 50-нафар тариқи шартнома таҳсил менамоянд.

Донишҷӯёни коллеҷ намоиши корҳои эҷодии худро дар чорабиниҳои гуногун баргузор намуда, дар озмун ва фестивалҳои дохили ҷумҳурӣ ва байналмиллалӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Дар қитъаи таълимии «Аржанг»-и муассиса бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии хатмкунандагони соли таҳсили 2020-2021 ва ифтитоҳи фаъолияти нигористон ба номи Валимат Одинаев баргузор гардид.

Дар шуъбаҳои Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов оид ба баланд бардоштани сифати таълим ва донишазхудкунии донишҷӯён мониторингу рейтинг, консертҳои синфӣ, имтиҳонҳои техникӣ ва консертҳои академӣ гузаронида мешаванд. Санҷишу имтиҳонот аз рӯи ҷадвалҳои имтиҳонии тасдиқшудаи қисми таълим ва билету саволномаҳои тасдиқшуда дар асоси нақшаи раванди таълим, сессияи имтиҳонии зимистона ва тобистона гузаронида шуд.

Ба ҳимояи кори дипломӣ ва супоридани имтиҳони давлати 66 нафар донишҷӯён роҳ дода шуданд. 65 нафар донишҷӯ коллеҷро бомуваффақият аз рӯи 11 ихтисос хатм намуданд.

Дар соли таҳсили 2021 - 2022 ба Коллеҷ 77 нафар донишҷӯ қабул гардида, 72 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 5 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Инчунин 7 нафар собиқ донишҷӯён ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона барқарор карда шуданд.

Донишҷӯёни коллеҷи санъат дар озмуни ҷумҳуриявии «Сарояндаи беҳтарин» ва «Рассоми беҳтарин» бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид, иштирок намуданд ва ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд.

Дар ин давра 45 чорабинии фарҳангӣ ва 17 конференсияи илмӣ бахшида ба ҷашнвораҳои таърихӣ; «Рӯзи Артиши миллӣ», «Рӯзи модар», «Ҷашни Наврӯз», «Рӯзи ҷавонон» ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ гузаронида шуд.

Дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов ҳамагӣ як факултет “Таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавӣ” амал менамояд, ки он аз се кафедра иборат мебошад. Кафедраи “Фанҳои гуманитари ва табиӣ-риёзӣ”, кафедраи “Рӯзноманигорӣ ва Китобхонашиносӣ” ва кафедраи “Таълими мусиқӣ, эҷодиёти халқ ва менеҷменти соҳавӣ”. Мувофиқи нақшаҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти кредитӣ аз 14.12.2020 то 02.01.2021 ва барои низоми таҳсилоти анъанавӣ аз 21.12.2020 то 02.01.2021 сесияи имтиҳонӣ барои нимсолаи аввали соли хониши 2020 – 2021 гузаронида шуд, ки ба он 391 нафар донишҷӯён роҳ дода шуданд.

Аз 24.05.2021 то 12.06.2021 барои донишҷӯёни шуъбаи рӯзона сесияи имтиҳонӣ барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020 – 2021 ташкил ва гузаронида шуд. Аз 10-июн то 30 - июни соли ҷорӣ дар таълимгоҳ даври супоридани аттестатсияи давлати хатм гузаронида мешавад.

Ба 230 нафар хатмкунандагони шуъбаи рӯзона ва ғоибона бо фармоиши директори таълимгоҳ аз 19.05.2021, №1-ИД барои супоридани аттестатсияи давлатии хатм иҷозат гирифта, Коллеҷро бомуваффақият хатм намуданд.

Имтиҳонҳои қабул барои соли хониши нав аз 24. 08.2021 то 28.08.2021 идома ёфт, ки дар маҷмуъ 49 нафар довталабон қабул карда шуданд.

Аз шумораи умумии довталабон 24 - нафар буҷавӣ (рӯзона), 1 нафар шарномавӣ (рӯзона), 8 – нафар буҷавӣ (ғоибона) 6 нафар шартномавӣ (ғоибона) қабул карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботи ба китобхонаи таълимгоҳ 447 китобҳои тозанашр ба маблағи 10 583 сомон ворид карда шуд. Аз ҷумла: 346 нусха китобҳои дарсӣ, 12 нусха китбҳои бадеӣ, 69 нусха китобҳои таълимии тахассусӣ.

Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ш. Кӯлоб ба номи К.Қурбонов дар сессияи зимистона 337 нафар донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона иштирок намуданд. Аз инҳо дар шуъбаҳои рӯзона 145 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 192 нафар донишҷӯён сессияро бомуваффақият супориданд.

Дар сессияи тобистона 324 нафар донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона иштирок намуда, аз шуъбаи рӯзона 133 нафар ва аз шуъбаи ғоибона 191 нафар донишҷӯён сессияро бомуваффақият ҷамъбаст намуданд.

Аттестатсияи давлатии хатм аз 01.06.2021 то 12.06.2021 бо иштироки раисон ва аъзоёни комиссияи аттестатсияи давлатии хатм гузаронида шуд. Аз 95 нафар хатмкунандагони шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона 91 нафар аттестатсияи давлатии хатмро бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намуда, коллеҷро 91 нафар аз рӯи 7 ихтисос хатм намуданд.

Бо пешниҳоди расиони аттестатсияи давлатии хатм 5 нафар ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, 4 нафар ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода ва як нафар ба Донишкадаи давлатии санъати тавирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои идомаи таҳсил фиристода шуданд.

Дар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд бо назардошти пешбурди раванди таълим 13 шӯъбаи рӯзона аз рӯи 20 ихтисос ва 3 шӯъбаи ғоибона аз рӯи 3 ихтисос фаъолият мебаранд. Сессияҳои нимсолаи 1-ум ва нимсолаи 2-юми соли таҳсили 2020-2021дар коллеҷ бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст карда шуд.

Соли таҳсили 2020-2021 125 нафар хатмкунандагон муассисаи таълимиро хатм намуданд, ки аз онҳо – 82 нафар шӯъбаи рӯзона ва 43 нафар шӯъбаи ғоибонаро ташкил медиҳанд.

Аз 125 нафар хатмкунандагон 24 нафар хатмкунандагон аттестатсияи давлатиро бо дипломи аъло ҷамъбаст намуданд.

Дар давраи ҳисоботи омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ дар як қатор чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва иштирок намуданд.

Оркестр ва ансамбли созҳои халқии коллеҷ таҳти роҳбарии омӯзгорон Ҷӯраева Замира ва Норматов Кенҷабой дар озмуни байналхалқии “Навруз садолари”, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ба тариқи онлайн (Online) баргузор гардида буд, ҳунарнамоӣ намуда, сазовори ҷои 3-юм гардид.

Мувофиқи нақшаи таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова дар давраи ҳисоботи барои санҷидани маҳорати дарс азхудкунии хонандагон сессияи санҷишу имтиҳоноти зимистона ва тобистона гузаронида шуд. Сессияи зимистонаро 91 нафар ва сессияи тобистонаро 81 нафар донишҷӯён ҷамъбаст намуданд.

Аттестатсияи хатм баъди пурра аз худ намудани нақша ва барномаҳои таълимие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, бо фармоиши директори муассиса аз 16.06.2021 таҳти № 14 ба хатмкунандагон барои супоридани имтиҳонот иҷозат дода шуд. Баъд аз бомуваффақият супоридани имтиҳоноти давлатии хатм, коллеҷро 8 нафар аз рӯи 3 ихтисос хатм намуданд.

Донишҷӯёни шуъбаҳои рақси эстрадӣ ва халқӣ коллеҷ дар тамоми чорабиниҳои давлатӣ бахшида ба ҷашнҳои “Рӯзи Артиши миллӣ”, “Рӯзи Модарон”, “Чакомаи гесӯ”, “Наврӯзи байналмилалӣ” ва “Шоми дӯстӣ” фаъолона иштирок намуданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 иҷрои мавзӯъҳои илмӣ аз ҷониби ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот тибқи нақшаҳои фардии корҳои илмию тадқиқотӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии пажӯҳишгоҳ 73 кори илмӣ, пажӯҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ ба табъ расидааст, ки аз онҳо 4 китоб, 9 мақолаи илмӣ, 20 мақолаи илмию оммавӣ, 15 нашри электронӣ, 19 гузориши илмӣ дар конфронсу семинарҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошанд.

Ҳамчунин, бо ташаббуси олимони пажӯҳишгоҳ 2 чорабинии илмӣ, аз қабили конфронсу мизҳои мудаввар ва 1 маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар ин муддат ходимони илмии пажӯҳишгоҳ дар 15 ҳамоиши илмӣ, конференсияву симпозиумҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.

Дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи 14 нашриёт таҳлили мавод доир ба маҳсулоти чопии нашриётҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ ҷиҳати таҳияи феҳристҳои библиографии «Библиографияи Тоҷикистон дар даврони истиқлол (солҳои 1991–2021)» ва «Китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол (солҳои 1991–2021)» гирдоварии мавод ва коркарди он идома дорад.

Дар нимсолаи аввали соли 2021, дар баробари таҳқиқи самтҳои гуногуни ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва мероси фарҳанги миллӣ, ходимони илмии пажӯҳишгоҳ, инчунин дар ташкилу баргузории мизи мудаввар ва ҳамоиши илмии зерин саҳми назаррас мегузоранд.

Рӯзи 4-уми майи соли ҷорӣ ба муносибати 110-солаги Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар ПИТФИ маҳфили навбатӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода муаррифи адабиёт ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Дар нӯҳмоҳаи соли 2021 аз ҷониби маъмурияти Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумуриявии ба номи З. Шаҳидӣ 6 маротиба Шӯрои омӯзгорон ва 20 маротиба ҷаласаи назди директор гузаронида шуд. Дар муассиса бо барномаҳои давлатӣ: “Барномаи тарзи ҳаёти солим”, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Моҳи марти соли равон бахшида ба Иди Наврӯз дар боғи Ирами пойтахт намоиши ҳунарҳои шогирдони шуъбаи созҳои миллӣ мактаб-интернат барпо гардид. Ҳамзамон дар муассиса маҳфили ”Табиат дӯстони ҷавон” бахшида ба иди Наврӯз доир шуд.

Дар мактаб-интернат аттестатсияи аз синф ба синф гузаронӣ ва хатм ба анҷом расида, муассисаи таълимиро 27-нафар хонандагон бо таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 11-нафар бо таҳсилоти миёнаи асосӣ хатм намуданд.

Мувофиқи нақшаи корӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз 15 июл оғоз гардид. Аз 1 август то 5 август бошад, имтиҳонҳои қабул доир ва ҷамъбаст шуданд. Тариқи озмун ба синфҳои 1-ум 65 нафар хонандагонро қабул гардиданд.

Дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумуриявии ба номи Миратулло Атоев ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати таълими мусиқӣ ва санъат дар шуъбаҳои мусиқӣ консертҳои омӯзгорон ва шогирдони онҳо доир гардиданд. Аз ҷумла: консерти ҳисоботии шӯъбаи фортепианнои умумӣ, консерти шӯъбаи оркестрӣ ва нафасӣ (созҳои скрипка, флейта, труба), консерти шӯъбаи анъанавӣ, шӯъбаи созҳои миллӣ доир гардид.

Дар бахши таълими умумӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон моҳи январ 8 нафар омӯзгорони бахши таълими умумӣ аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд. Баҳри баланд бардоштани тарбияи хонандагон дар руҳияи ватанпарастӣ, худогоҳӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ як қатор чорабиниҳо доир гардид. Баргузории барномаи бадеӣ-мусиқӣ бахшида ба ҷашни миллии “Сада”, “Рӯзи Артиши миллӣ”, “Рӯзи Модар”, “Наврӯз” ва “Рӯзи Фарҳанг” аз қабили онҳост.

Бахшида ба 110-солагии шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода конференсияи илмӣ- бадеӣ таҳти унвони “Шоири сулҳпарвар” баргузор гардид, ки омӯзгорону хонандагон фаъолона ширкат намуданд.

Дар муассиса аттестатсияи аз синф ба синф гузаронӣ ва хатм ба анҷом расида муассисаи таълимиро 26 – нафар хонандагон бо таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 35–нафар бо таҳсилоти миёнаи асосӣ хатм намуданд.

Дар асоси Оиномаи ва фармоиши роҳбари муассиса “Оид ба қабули довталабон дар соли таҳсили 2021-2022 моҳи июл ҳайати комиссияи қабул тасдиқ гардида, аз 2 то 10 август озмуни қабули довталабон ба муассиса гузаронида шуд. Тибқи ҳисоботи раиси комиссия ба синфи 1-ум 54 нафар ва ба синфҳои 2- 6, 24 нафар довталаб қабул шуданд.

Боиси ифтихор ва хушнудист, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдому дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ соли сеюм аст, ки озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон –Ватани азизи ман» гузаронида шуда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ, муассисаҳои таълимии вазорат дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” фаъолона ширкат варзиданд. Дар маҷмуъ, дар даври дуюми озмун 158 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин теъдод 70 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар нӯҳмоҳаи 2021 дар 12 муассисаи таълимии дар тобеияти Вазорати фарҳанг буда, 512 чорабинии фарҳангӣ фароғатӣ бо фарогирии 72,400 нафар ва 280 конференсияҳои илмӣ назариявӣ бо фарогирии 18,000 нафар баргузор гардиданд, ки нисбат ба соли 2020, 85 чорабинии фарҳангӣ ва илмӣ бо фарогирии 8500 нафар зиёд мебошад.

Оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва ба ваксинатсия фаро гирифтани аҳолӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави «COVID-19» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳдошти саломатии омӯзгорон ва донишҷӯён бо табибони марказҳои саломатии ҳудуди хизматрасонӣ, нуқтаҳои тиббии муассисаҳо мунтазам вохӯриҳо ба роҳ монда шуда, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ бо доруҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд. Аз ҷониби кормандони хоҷагидорӣ ва мутахассиси санитарии муассисаҳои таълимӣ корҳои профилактикӣ ҳамарӯза гузаронда мешаванд. Муассисаҳои таълимӣ маводу воситаҳои муҳофизатӣ, аз қабили ниқоби даҳонбанд, маҳлулҳои антисептикии 95%, спирт, хлор, собун, дастпӯшак, хокаи ҷомашӯӣ, ҳароратсанҷ барои соли таҳсили 2021 – 2022 захира намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълимии тобеи вазорат бо мақсади ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ, гирду атрофи муассисаҳо ва хобгоҳи донишҷӯён маҷмӯи чорабиниҳо амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ҳар рӯзи шанбе дар муассисаҳои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён бо қувваи кормандони хоҷагӣ ва донишҷӯёну устодон шанбегиҳо гузаронда мешавад. Раванди корҳои кабудизоркунӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза пайдо намуда, дар муассисаҳои таълимӣ гулҳои садбарг, виола, қаламчаи садбарг, дарахтони мевадиҳанда, арча, дарахтони сояафкан шинонида шуданд.

Муассисаҳои таълими вазорат дар арафаи ҷашни пурифтихори миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукаммал гардонидани раванди таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, қонеъгардонии талабот бо мутахассисони соҳа дар назди халқу Ватан тамоми нерӯи худро сарф хоҳанд кард.

Муҳтарам аъзои мушовара,

Таҳлили фаъолият нишон медиҳад, ки бо вуҷуди муваффақият ва пешравиҳо дар муассисаҳои таълимии соҳа як қатор камбудиву норасоиҳо низ ба назар мерасанд, ки нарасидани маводи таълимии тахассусӣ, махсусан дар самти мусиқӣ ба забони давлатӣ, ҳамчунин кӯҳнаю фарсуда шудани асбобҳои мусиқӣ ва нарасидани онҳо, нарасоии омӯзгорони сози фортепиано, консертмейстерон, омӯзгорони фанҳои назарияи мусиқӣ (солфедҷо, гармония, таърихи мусиқӣ) аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Пешниҳод менамоем, ки барои пешрафти кори муассисаҳои таълими соҳа масъалаҳои зерин аз қабили бо техника ва технологияи муосир, асбобу ашё ва асбобҳои мусиқӣ, алалхусус пианино, роял, созҳои зарбӣ (аврупоӣ), кларнет, труба ва ғайра таъмин намудани муассисаҳои таълимии соҳои фарҳанг ва санъат, роҳандозӣ намудани такмили ихтисоси кормандон ва ходимони илмӣ дар хориҷи кишвар,таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо адабиёт ва дастурҳои таълимию методӣ доир ба фанҳои тахассусӣ ва ҷамъиятӣ, таъмин намудани китобхонаи муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳо ва китобхонаи электронӣ,- ташкили лабораторияи созҳои мусиқӣ,-ташкили Кабинети методии назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ ва ҳаллу фасл қарор дода шаванд.

Ҳозирини гиромӣ,

Вобаста ба масъалаҳои сохтмонӣ асосӣ ва таъмиру барқарорсозӣ зикр менамоям, ки дар ин давра нақшаҳои солона ва дурнамоии иншоотҳои сохтмони асосӣ таҳия гардида ва баъд аз тасдиқи онҳо аз тарафи роҳбарияти Вазорати фарҳанг ба ташкилотҳои дахлдор пешниҳод карда шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба иншоотҳои сохтмони асосӣ тибқи муқаррароти муайянгашта омода намуда, барои кушодани мабдағгузорӣ ба вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №689 аз 30.12.2020 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» барои иншоотҳои сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ 3 млн 800 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд.

Маблағи зикргардида тибқи нақшаи дурнамои сохтмони асосӣ ба иншоотҳои зерин тақсим гардиданд: Барои давом додани сохтмони қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод 1400 ҳазор сомонӣ, сохтмони қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав 1600 млн сомонӣ, барои сохтмони маркази фарҳанг деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ 700,0 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои лоиҳакшии қасри фарҳанги ноҳияи Ховалинг 100 ҳазор сомонӣ.

Ба санаи 01.10.2021 аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда ба иншооти маркази фарҳанги деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ 518,0 ҳазор сомонӣ, ба сохтмони иншооти қасри фарҳанг барои 500 ҷой дар ноҳияи Нуробод 1036 ҳазор сомонӣ, ба сохтмони иншооти қасри фарҳанг барои 400 ҷой дар ноҳияи Шаҳринав 1184 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои лоиҳакашии касри фарҳанг дар ноҳияи Ховалинг 47 ҳазор сомонӣ равон карда шуд. Масъулини бахш аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳо назорати доимӣ бурда истодаанд. Айни ҳол корҳои сохтмону васлкорӣ дар иншоотҳо бо суръат идома доранд.

Мавриди зикр аст, ки бинобар сабаби маҳдуд будани маблағгузории мутамаркази ҷумҳурӣ корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохтмони асосии вазорат солҳои тулонӣ идома доранд.

Барои дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии иншоотҳо барои сохтмони асосии вазорат ҳамасола дар ҳаҷми 8-10 миллион сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳурӣ зарур мебошад.

Дар ин давра масъулини бахш тибқи дастурамали хизматӣ истифодабарии воситаҳои асосиро назорат намуда, 25 адад санадҳои заруриро барои аз ҳисоб баровардан ва аз тавозун ба тавозун гузаронидани онҳоро омода намуда ба роҳбарияти вазорат ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

Аз ҷониби бахш ҳамарӯза назорати доимӣ ба рафти истифодабарии фондҳои асосӣ дар ташкилоту муассисаҳои тобеъ, ба иҷора додан, аз тавозун ба тавозун гузаронидан, аз эътибор соқит намудани онҳо бурда шуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки тибқи фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.02.21, №12 ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои тобеъ вазифадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои таъиру сохтмонӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмон ва МД «Иттиҳодияи илмӣ истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ» шартномаҳо баста, ба корҳои аввалиндараҷа, яъне омодагии биноҳо барои фаъолияти устувор дар давраи тирамоҳу зимистон, таъмини бехатарӣ аз сӯхтор диққати ҷиддӣ диҳанд. Аз ҷониби корхонаи мазкур корҳои таъмирӣ дар МД «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садридини Айнӣ» ба мабалғи 162,2 ҳазор сомонӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ба маблағи 90,0 ҳазор сомонӣ, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М.Атоев ба маблағи 141,5 ҳазор сомонӣ, Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалӣ китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон ба маблағи 161,1 ҳазор сомонӣ идома дорад.

Инчунин ҷиҳати иҷрои банди 1-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 аз 18.01.2018,иҷрои банди 37-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №7 аз 25 июни соли 2020, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.02.2018, №30-5/28 фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.07.20, №102 ва нақшаи чорабиниҳо «Оид ба ташкилу гузаронидани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи биноҳои вазорат ва ташкилоту муассисаҳои тобеъ» ба тасвиб расонида шуда барои иҷро ба ташкилоту муассисаҳои тобеъ ирсол карда шуд. Ҳамчунин аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии вазорат шахсони мутасаддӣ ба ҳар як иншоот таъйин гардида, супориши мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ меҳмонхонаи «Фарҳанг» аз ҳисоби қабули мизоҷон ва хизматрасониҳо маблағи 185 ҳазор сомонӣ ба даст оварда ба 1598 нафар шаҳрвандони дохилӣ ва бурунмарзӣ хизмат расонидааст. Аз ин шумора 1309 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ин миқдор 287 нафарашонро кормандони соҳаи фарҳанг, ки дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд ва 289 нафари дигарро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳад.

Инчунин дар ин давра барои корҳои ободонӣ дар гирду атрофи корхона 3000 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Намои асосии бино таъмир карда шуда, корҳои таъмирӣ дар дохили бино ба анҷом расонида шуд.

Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош» дар давраи сипаригардида зиёда аз 50 адад асбобҳои мусиқии миллӣ истеҳсол намудааст, ки тибқи фармоиши вазорат дар доираи маблағгузориаш ба якчанд ташкилотҳо ва бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ройгон як ҷузви асбобҳои мусиқии миллиро ҷудо намудааст. Аз ҷумла ба бахши фарҳанги ноҳияи Рашт 9 адад, бахши фарҳанги ноҳитяи Дӯстӣ 23 адад, бахши фарҳанги ноҳияи Балҷувон 9 адад, бахши фарҳанги ноҳияи Сангвор 8 адад, бахши фарҳанги ноҳияи Қубодиён 9 адад ва ба бахши фарҳанги ноҳияи Фархор 12 адад. Таҷҳизотҳои мавҷудаи корхона куҳнаю фарсуда шуда, ба таъмиру азнавсозӣ ниёз дорад.

Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Хизматрасонии биноҳои маъмурӣ» дар ин давра даромадгоҳи хобгоҳҳо, роҳравҳои ошёнаҳои хобгоҳи воқеъ дар кӯчаи Нахимов 64/7 ба пуррагӣ аз таъмир бароварда шуданд.

Ҳамзамон намои берунаи (фасад) биноҳо, қисман боми хобгоҳҳо ва қубурҳои обу корезӣ аз таъмир бароварда шуд. Инчунин дар ин давра аз тарафи корхона намо ва роҳравҳои бинои асосӣ, ҳоҷатхонаи ошёнаи якӯм ва дуюм, роҳрави раёсати табу нашри дастгоҳи вазорат ва тирезаҳои толор иваз карда шуа, дар МД «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» таъмири бинои галерея ва биноҳои таълимӣ дар қитъаи таълимии «Аржанг» ба анҷом расонида шуд.

Оид ба омодагии хобгоҳҳо ба тирамоҳу зимистон тирезаҳои роҳравҳои байни ошёнаҳо, даромадгоҳҳо шишабандӣ карда шуда, ҳолати риояи қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор таҳти назорати доимии маъмурияти корхона қарор дорад. Аз тарафи кормандони корхона ва истиқоматкунандагони хобгоҳҳо бо қувваи худ корҳои ободонӣ, шинонидани дарахтони сояафкан ва гулу гулбутаҳо идома дорад.

Ҳар моҳ маълумотнома ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» тибқи замимаҳо ва рӯйхати дегхонаҳои дар тобеияти муассисаю ташкилотҳои соҳаи фарҳанг қарордошта пешниҳод карда шуда истодааст.

Инчунин ба мақсади иҷрои фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №63 аз 29.04.21 «Дар бораи саривақт омода намудани ташкилоту муассисаҳои тобеъ барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ва бехатрӣ аз сӯхтор аз ҷониби масъулини бахш санҷишҳо дар МД «Театри давлати академии опера ва балети ба номи Саддридини Айнӣ», МД «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик», КВД таъминот ва савдои «Китоб», МД «Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов», МД «Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М.Атоев» гузаронида шуда аз натиҷааш ба роҳбарияти вазорат гузоришҳо пешниҳод карда шуд.

Дар ин давра кормандони бахши танзими техникӣ тибқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосии профилактикӣ- оташнишонии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 таҳти №25/8/1-3808 аз 30 декабри соли 2020, дар санҷиши ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори биною иншоотҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ба мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта оиди бехатари аз сӯхтор ба ҳамаи раёсату бахшҳои фарҳанги вилоятҳои ВМКБ, Суғд, Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ташкилоту муасиссаҳои тобеъ мактуб таҳти №3-13/845 аз 30.03.21 ирсол карда шуд.