Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Матни суханронии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат

13.10.21Муҳтарам аъзои ҳайати мушовара,
Ҳозирини гиромӣ,
Имрӯз мо дар ҷаласаи мушовара масъалаи фаъолияти ҷамъбасти нуҳмоҳаи вазорати фарҳангро мавриди баррасӣ қарор дода истодаем. Азбаски, ҳисобот оид ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ пешниҳод гардидааст, бо истифода аз фурсат мехостам баъзе аз дастовардҳо, проблемаҳо ва вазифаҳои минбаъдаи афзалиятноки муассисаҳои фарҳангро ба самъи шумо расонам.

Аз ҷараёни суханрониҳо, ҳисоботҳои пешниҳодшуда, гузоришу музокираҳо маълум гардид, ки ба таври умум фаъолияти мо баҳри ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, тибқи рисолати худ ва бо мақсади татбиқи сиёсати фарҳангӣ, иҷрои амру фармон ва дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда баҳри танзиму самаранокии фаъолият амалӣ гашта истодааст.

Раванди ҷаҳонишавӣ ва суръати тараққиёти ҷаҳони муосир ва ҳамаи он таҳаввулоте, ки дар ҳаёти рӯзмарра ба вуҷуд омада истодааст, аз тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ тақозо менамояд, ки фаъолиятро дар самтҳои мухталиф ба тарзу услуби нав ба роҳ монанд.

Дар ин самт, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, баҳри иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар Паём ба парлумони кишвар, ҷаласаҳои Ҳукумат, дар вохӯрӣ бо аҳли зиёи кишвар ва рафти сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат зикр гардида буданд, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаи фарҳанг ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода истодааст.

Ҳозирини гиромӣ,
Вазорати фарҳанг дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанг дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон силсилаи тадбирҳоро андешида, ба масъалаи тақвият бахшидани муҳити фарҳангии мамлакат, бо тарзу мундариҷаи нав баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ баҳри солим нигоҳ доштани фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳо, эҳё ва рушди фаъолияти тамоми равияҳо, шаклҳо ва намудҳои соҳаи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд.

Дар ин замина, баҳри мутобиқгардонии мундариҷа ва самти фаъолияти муассисаҳои фарҳанг ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд, таҷдид ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори соҳаи фарҳанг, бунёди заминаи моддӣ-техникии замонавии муассисаҳои фарҳанг, фароҳам овардани шароити мусоид барои ворид шудани муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу ҳунар ба низоми ягонаи таҳсилот тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва бозори ҷаҳонии меҳнат, таъмини шароит баҳри ривоҷу равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат тадбирҳои мушаххас пешбинӣ гардиданд.

Зимнан, роҳбарияти вазорат дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, нишондодҳои барномаҳои соҳавӣ вобаста ба такмили минбаъдаи заминаи ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодию молиявӣ ва илмию методии сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг қӯшиш менамояд, ки тамоми имкониятҳоро истифода бурда, дар ин радиф, диққати асосиро минбаъд ба чунин самтҳо, аз ҷумла: беҳтар намудани хусусияти инноватсионии фаъолияти фарҳангӣ, ҷалби нерӯи инсонӣ ва захираҳои эҷодӣ; фароҳам овардани муҳити рақобатпазири фарҳангӣ; беҳтар намудани афзалиятнокии мероси таърихию фарҳангии миллӣ, ки ҷавҳар ва ҳаммонандии миллии фарҳанги ватаниро дар арсаи ҷаҳонӣ ифода менамояд, ҳамчунин ташаккули муҳити рақобатпазири фарҳангӣ ва таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва низоми идоранамоии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ равона намуда истодааст.

То ин муддат дар соли равон дар саросари мамлакат чорабиниҳо дар робита ба ҷашнҳои муҳими милливу таърихӣ дар сатҳи баланд доир карда шуда, ҷашнҳои 28-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, чорабиниҳо бахшида ба ба эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”, маҳфилҳои шеъру суруд-«Ширу шакар», барномаҳои консертӣ бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, баргузории Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-раванди Истамбул”, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бахшида ба 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай, Рӯзи китоб, Рӯзи Рӯдакӣ бо мундариҷаи нав сурат гирифтанд ва ба рушди минбаъдаи фарҳанги миллӣ заминаҳои ҷиддӣ фароҳам оварданд.

Ман аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи муассисаҳои театрию консертӣ, раёсат ва шуъбаҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ки дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Шоми дӯстӣ” бахшида ба 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай саҳми арзанда гузоштанд, минннатдории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро иброз менамоям.

Ҳамзамон дар нуҳмоҳаи соли 2021 дар театрҳои касбии кишвар 26 асари нав саҳнавӣ гардид. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 6 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 20 намоиш рӯи саҳна омад.

Тавре маълум аст, пешниҳоди номинатсияҳо ба Феҳристи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО имконияти мусоиди муаррифии фарҳанги ғановатманди миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, барои гиромидошт, ҳифз ва ба наслҳои оянда таҳвил додани он имконият фароҳам меоранд.

Айни замон, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши илмӣ, таҳия ва пешниҳоди номинатсияҳо барои ворид намудан ба Феҳристи Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва корҳо дар самти таҳқиқи ҳунарҳои мардумӣ идома доранд.

Муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра дар маҷмӯъ 8 номгӯй китоб, бо теъдоди 5233 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд.

Аз ибтидои соли равон шумораҳои рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавии Вазорати фарҳанг дар муҳлатҳои пешбинишуда нашр шуданд. Хабару мақолаҳои дар ин нашрияҳо батабърасида ба тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимтарин масоили фарҳангӣ, худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон ва мубориза алайҳи зуҳуроти нангини ҷомеа нигаронида шуда буданд.

Вазорати фарҳанг дар ин давра ба густариши робитаву ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоёни кишварҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар амри тақвияти заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои фарҳангӣ як қатор созишномаҳои ҳукуматӣ, ёддошт ва барномаҳоро дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар таҳия намуд.

Бо мақсади интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва қобилиятнок ба хизмати давлатӣ, инчунин таъмини болоравии касбии хизмати давлатӣ дар вазорат тибқи тартиби муқарраргардида, зина ба зина озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ дар мақомоти номбурда гузаронида мешавад.

Муҳтарам ҳозирин,
Новобаста аз дастовардҳо бояд тазаккур дод, ки имрӯз дар фаъолияти муассисаҳои фарҳанги мамлакат проблемаҳои зиёде ҷой дошта, вобаста ба ин мо бояд ҷиҳати ҳалли онҳо чораҷӯӣ намоем. Пеш аз ҳама бо мақсади самарабахш ба роҳ мондани фаъолияти вазорат, сардорони раёсат ва шуъбаҳоро зарур аст, ки барои саривақт таҳия ва пешниҳод намудани гузоришҳои дар ҷаласаи ҳайати мушовара баррасишаванда ва ҳуҷҷатҳои назоратӣ бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Дар соҳаи санъат. Айни замон нарасидани мутахассисҳо дар соҳаи мусиқии касбӣ ва таъмини барои муассисаҳои консертӣ бо мутахассисони баландихтисос ба назар мерасад.

Масъалаи дигар ин муҳтавои намошҳои театрӣ мебошад, ки бояд аз ҷониби роҳбарият ва ҳайатҳои эҷодии муассисаҳои мазкур бобати пайдо намудани роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати намоишномаҳо, ҷалби тамошобин ва ҷавобгӯ намудани муассисаҳо ба талаботи замон чораҳои амалӣ андешида шаванд.

Аз ин рӯ, бо мақсади тақвияти фаъолияти театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ ҳалли проблемаҳои зеринро дар мадди аввал мегузорам:

- аз ҷиҳати бадеӣ ба талаботи замони муосир мувофиқ гардондани барномаҳо ва намоишномаҳо;

- таҳкими базаи моддӣ-техникии театрҳо, гурӯҳҳо ва ансамблҳо;

- дарёфти асарҳои бадеию мусиқии баландғояи замонавӣ;

Дар соҳаи фарҳанг. Мутаассифона, дар самти таъминоти методӣ ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва низоми идоранамоии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ то ҳол проблемаҳо вуҷуд дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҳангоми ташаккули буҷети маҳаллӣ эҳтиёҷоти воқеии муассисаҳои фарҳангро ба инобат намегиранд. Маблағгузорӣ дар ин самт хеле нокифоя мебошад.

Ҷиҳати таҳия ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии ҳолатҳои хусусигардонии иншооти фарҳангӣ, сертификатсиякунонии қитъаҳои замини тамоми муассиса ва иншооти фарҳангии ҷумҳурӣ то ҳол тадбирҳои самаранок андешида нашуда истодаанд.

Масъалаи навбатии ташвишовари дигари соҳа – рушд наёфтани фаъолияти театрҳои халқӣ ва ансамблҳои тарона ва рақси назди сохторҳои фарҳанг мебошад. Айни замон дар репертуари ансамблҳои оилавӣ ва театрҳои халқӣ муносибати эҷодкорона кам ба чашм расида, ҳайату репертуари онҳо ба талаботи замон мувофиқ нест. Бинобар ин раёсати дахлдоро зарур аст, ки ҷиҳати гузаронидани ислоҳот дар ин самт чораҷӯӣ намояд.

Имрӯз дар мамлакат осорхонаҳои зиёди таърихию кишваршиносӣ, ки дорои теъдоди зиёди бозёфтҳои нодири таърихию фарҳангӣ мебошанд, фаъолият менамоянд. Вале аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои ободонӣ, таъмиру тармим, таҳкими базаи моддию техникии онҳо ба қадри кофӣ маблағҳо ҷудо карда намешаванд, ки дар натиҷа шумораи зиёди нигораҳои дорои арзиши баланди илмӣ ва таърихию фарҳангӣ осеб мебинанд.

Бо назардошти таҳкиму такмили раванд ва рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ зарур мешуморам:

- Барои ба низом даровардани вазъи муассисаҳои клубӣ дар доираи талаботи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2026» чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Дар ин замина, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии фарҳангӣ, шаффофият ва дастрасии онҳо ба мардум, пешкаши саривақтию босифати чунин хизматрасониҳо, пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ баҳри таъмини тавсеаи самтҳои фаъолияти эҷодӣ нақшаҳо таҳия карда шаванд.

Дар соҳаи илм ва муассисаҳои таълимӣ. Нарасидани мутахассисҳо дар соҳаи мусиқии касбӣ, костагӣ дар таъмини адабиёт ва созҳои мусиқӣ ва дигар камбудиҳо дар фаъолияти муассисаҳои таълимии соҳа имрӯз яке аз проблемаҳои рӯзмарра шудаанд.

Бинобар ин, бо дарназардошти рушду такмили минбаъдаи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, заминагузорӣ баҳри ба камол расондани мутахассисони гуногуни соҳа ва дарёфти истеъдодҳои нодир зарур аст:

- татбиқи пурраи нишондодҳои «Барномаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»;

- таъмини дарёфт ва интихоб намудани довталабони арзанда ба ихтисосҳои соҳаи фарҳангу санъат хусусан дар самти мусиқии касбӣ дар мактабҳои олии ҳунарии хориҷи кишвар ҷудошуда;

- ҷиҳати бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешида шавад;

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи омоданамоии кадрҳо барои Театри миллии тоҷик, ки баъди чанде ҳамчун як муассисаи комилу замонавии эҷодию истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад, аз мадди назари мутассадиёни шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус дур монда, тадбирҳои мушаххас амалӣ нагардида истодааст.

Ҳамчунин мебояд баҳри баргузории Озмунҳои «Тоҷикистон - Ватани азиз ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ...» дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ бояд тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуд.

Бояд зимни баргузории ин чорабиниҳо ҷиҳати дарёфти истеъдодҳо ва ҷалби минбаъдаи онҳо ба чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва давлатӣ, инчунин ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси соҳаи фарҳангу ҳунари ҷумҳурӣ фаро гирифтани онҳо таваҷҷуҳи хоса дода шавад.

Бобати фаъолияти минбаъдаи муназзами муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, ҷиҳати азнавсозии сохтори таълимот, омоданамоии кадрҳо, танзими бозгашти донишҷӯёне, ки тибқи роҳхати вазорат дар мактабҳои олии ҳунарии хориҷа таҳсилро ба анҷом мерасонанд, инчунин дигар самтҳое, ки ба фаъолияти илму таълим рабт дорад, низ чораандешӣ бояд карда шавад.

Дар соҳаи ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ. Бо дарназардошти ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ», «Дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ», Конвенсия ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва сарватҳои фарҳангӣ чанд ҳадафҳои муҳимро мавриди татбиқ бояд қарор дод:

- таҳияи ҳуҷҷату санадҳои зарурӣ ҷиҳати ворид намудани ёдгориҳои нодири кишвар ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ дар мадди аввал бояд қарор гиранд;

- ҳамзамон, ҷиҳати таҳия ва чопи хатсайрҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, плакат ва роҳнамоҳо тадбирандешӣ бояд намуд;

– раванди таъмиру тармим дар иншооти ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии кишвар ва истифодаи мақсадноки маблағҳои пешбинишуда низ бояд таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад;

Дар соҳаи матбуот ва табъу нашр. Бинобар ин, ки матбуот ва табъу нашри мамлакат дар сиёсати фарҳангӣ ва ташаккули маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлолмақоми хоса ёфтаасту, инчунин, таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар, чопи китобҳои бадеӣ, илмӣ, таърихӣ, дарсӣ аз вазифаҳои муҳимтарин ҳисоб меёбанд, ба ҳалли мусбати масъалаҳои ҷиддӣ таваҷҷуҳи мутахассисонро равона менамоям:

Ба эътидол овардани низоми савдои китоб дар ҷумҳурӣ, ташкили дӯконҳои китобу рӯзномафурӯшӣ дар шаҳрҳои мамлакат, маркази шаҳру ноҳияҳо, дар буҷети маҳаллӣ дар банди алоҳида пешбинӣ кардани маблағи махсус барои харидорӣ ва мукаммалгардонии фонди китобхонаҳо яке аз вазифаҳои муҳими сохтори масъул мебошад.

Аз ҳама муҳим, ҷиҳати пайдо намудани роҳу воситаҳои дастгирии давлатии нашри адабиёти бачагона тадбирҳои ҷиддӣ бояд андешида шаванд.

Дар соҳаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста. Азбаски ҳифзи ҳуқуқи муаллиф барои рушди илм, адабиёт, фарҳанг ва санъат нақши калон дорад ва иҷрои муқаррароти қонунҳо ва дар амал татбиқи талаботи созишномаҳои байналмилалии соҳавӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, барои таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ ва иқтисодии байни кишварҳо ва баланд рафтани обрӯи байналмилалии ҳар як мамлакат мусоидат мекунад, бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани кори соҳа ба иҷрои масъалаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир намудан зарур аст:

– мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои амволии муаллифон, иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограмма ва дигар соҳибони ҳуқуқҳои вобаста ба он дар ҳолатҳое, ки ба таври инфиродӣ амалӣ сохтани он мушкил мегардад, бобати таъсис додани идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои амволии муаллифон чораҳои зарурӣ андешанд.

– ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарватҳои ба моликияти зеҳнӣ тааллуқдошта тадбирҳои судманд андешанд;

– ҳамкории соҳаи ҳуқуқи муаллиф бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ дар кори пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи ғайриқонунии асарҳо бояд боз ҳам тавсеа ёбанд.

Дар соҳаи робитаҳои байналмилалӣ. Бо мақсади таҳким ва густариши робитаҳои байналмилалӣ, самаранокии ҳамкориҳо бо Сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, таъмини таҷлили бошукуҳи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва рӯзҳои фарҳанги як зумра ҷумҳуриҳо дар Тоҷикистон ҳадафҳои зеринро ба эътибор гирифтан лозим аст:

- таҳия ва омода сохтани Созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ;

- назорати иҷроиши Созишномаҳои баимзорасида;

- бо Сафоратхонаҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ вусъат бахшидани муносибатҳои фарҳангӣ;

Дар соҳаи танзими техникӣ. Бо дарназардошти вазъу мушкилоти молиявии имрӯза вобаста ба таҳкими базаи моддиву техникии ташкилоту муассисаҳои театрӣ-консертӣ, фарҳанг, иттилоот, табъу нашр ва таълим ҳалли чунин масоилро ба эътибор гирифтан лозим аст:

- ҷустуҷӯи роҳҳои таъмини муассисаҳои фарҳанг ва санъат тибқи лоиҳаҳои грантӣ ва инвеститсионӣ бо созҳои мусиқӣ, таҷҳизоти тақвияти овоз ва равшанидиҳӣ, мизу курсӣ ва амсоли инҳо;

- таҳияи маълумот оид ба сохтмони муассисаҳои фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ва таъминоти моддӣ-техникии онҳо;

- назоратро ҷиҳати рафти иҷрои корҳои таъмиру сохтмонӣ дар муассисаҳои тобеъ, инчунин иншоотҳои сохтмони асосӣ тақвият бахшида, ба баланд бардоштани сифати таъмир ва сохтмони биноҳои фарҳангӣ диққати ҷиддӣ диҳанд;

– ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои марбут ба зимистонгузаронии солҳои 2021-2022 дар сохторҳои фарҳангӣ ва танзими фаъолияти хобгоҳҳое, ки ба сохтори вазорат вориданд, тадбирҳо андешанд.

Дар соҳаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ. Азбаски таҳлил ва дурнамои вазъи иқтисодии муассисаҳои санъат, фарҳанг, табъу нашр, таълим муносибати ҷиддӣ, такмил ва таҳқиқи дақиқро тақозо менамоянд, иҷрои вазифаҳои зерин ба назар гирифта шаванд:

– таҳияи дурнамои соҳа барои 5 соли оянда ва пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионии рушди соҳаҳои фарҳанг ва табъу нашр;

– таъмини сарфакоронаи истифода бурдани маблағҳои мақсадноки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудошуда ва пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва стипендия, пардохти саривақтии андозҳо, хароҷоти мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ мувофиқи меъёрҳои амалкунанда;

– таҳлили фаъолияти гуруҳҳои эҷодӣ доир ба иҷрои хизматрасонии пулакӣ ва тақвияти назорати баланд гардидани таносуби даромадҳои худӣ;

– мутобиқгардонии мундариҷа ва самти фаъолияти муассисаҳои фарҳанг ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд.

Дӯстони азиз,
Чи тавре, ки ҳамагон шоҳид ҳастед, дар пеш моро маъракаҳои муҳими фарҳангӣ интизоранд. Аз ин рӯ, муассисаҳои фарҳангиро мебояд дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.

Итминон дорам, ки аҳли фарҳанги мамлакат бо истифода аз потенсиали эҷодию амалӣ баҳри иҷрои босуботи ҳама нақшаву ниятҳо ва боло бурдани сатҳи маънавиёти ҷомеа тамоми донишу малака, ақлу идрок, кӯшишу ғайрат ва ҳунару истеъдоди хешро баҳри ташаккули ҷаҳони маънавии шаҳрвандон ва афзудани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ равона менамоянд.

Ташаккур.