Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО баргузор мегарданд

11.10.21.6Аз 12 то 15 октябри соли 2021 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО ва намоиши нигораҳои таърихии ҷумҳуриямон дар Осорхонаи Гимейи шаҳри Париж таҳти унвони “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ” баргузор мегарданд.

Тибқи барномаи чорабиниҳо рӯзи 13 октябр дар Осорхонаи Гимей намоиши нигора ва ашёҳои таърихӣ, ки аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб ва интиқол гардидаанд, ифтитоҳ мегардад ва то 10 январи соли 2022 идома меёбад.

14 октябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО доир мегарданд, ки 82 нафар ҳунарпешагон ва гуруҳҳои ҳунарӣ бо пешниҳоди санъату ҳунари миллии тоҷик, кишвари моро муаррифӣ менамоянд. Дар барномаи фарҳангӣ суруду оҳангҳои тоҷикӣ, фаронсавӣ ва италиявӣ аз ҷониби ҳунармандони хушсадо Давлатманди Хол, Адҳам Холиқов, Файзалӣ Ҳасанов, Раҳматулло Ҳошимов, Давлат Назрӣ, Нигина Амонқулова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонзода, Ситораи Кароматулло, Тахмина Ниёзова, Фирдавс Ҳошимов, Амирҷон Рӯзиев, Ҷаннатулло Абдуллоев, Ансамблҳои созҳои миллӣ, инчунин рақсҳои миллии тоҷикӣ дар иҷрои гурӯҳи рақсӣ, масъулони намоиши либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Муфарраҳ Муҳаббатов ва тарроҳ Хуршед Сатторов пешниҳод мегарданд.

Инчунин, дар даромадгоҳи қароргоҳи ЮНЕСКО намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, ки фарогири таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошанд, ба намоиш гузошта мешаванд.

Марям Холиқзода