Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ёддошт миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи филми бадеии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба имзо расид

11.10.21.3Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Тошканд баргузор гардид, ки аз он беш аз 350 коргардон, ситораҳои синамо ва коршиносони тақрибан 40 давлати дунё дидан намуданд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин кинофестивали байналмилалӣ зери роҳбарии директори МД “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, бо иштироки намояндагон Шуҳрат Қудратов, Тилло Некқадамов, Насриддин Нуриддинов, Муҳаббатхон Сатторова, Искандар Усмонов, Заур Дахте, Далер Раҳматов, Акмал Абдуллозода ва Комрон Сафаров ҳузур доштанд.

Дар доираи баргузории ҷашнвора миёни Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир ба наворбардории муштараки филми бадеии “Ҷомӣ ва Навоӣ” Ёддошт ба имзо расид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ин филм рамзи дӯстӣ ва ҳамкории синамогарони ӯзбеку тоҷик ба ҳисоб рафта, як пайванди наздике миёни ду кишвар, мисли ин ду мутафаккири бузург хоҳад буд.

Тазаккур бояд дод, ки нақшаи ба навор гирифтани филми мазкур замоне барқарор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10 то 11 июни соли равон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.

Дар ин муддат дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон як қатор филмҳои ӯзбекӣ намоиш дода шуданд. Дар ҷараёни сафар Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки филм дар бораи ҳаёт ва дӯстии мутафаккирони бузурги халқҳои ӯзбек ва тоҷик – Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ таҳия карда шавад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфт.

Ёдовар мешавем, ки 28 сентябри соли равон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои синамои тоҷик оғоз гардид, ки то 2 октябр идома ёфт. Дар доираи баргузории ин чорабинии муҳимми фарҳангӣ тамошобинони ӯзбек дар Тошканд, Андиҷон ва Фарғона филмҳои бадеии таҳиянамудаи филмсозони тоҷик, аз қабили “Тақдири шоир”, “Муаллим”, “Автобус”, “Рақси зиндагӣ”-ро тамошо карданд.