Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Муаррифии китоби "Се шоҳкор"-и Салими Зарафшонфар

11.10.21.2Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили муаррифии китоби "Се шоҳкор", ки аз ҷониби адиби шинохта Салими Зарафшонфар ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, доир гардид.

Дар маҳфили мазкур аҳли илму адаби кишвар иштирок намуда, доир ба кори тарҷумонию хусусиятҳои хоси он ва китоби тозанашри тарҷумашуда ибрози андеша намуданд.

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки китоби "Се шоҳкор" аз се романи нависандагони сатҳи ҷаҳонӣ - романҳои Луиҷи Пиранделло “Шодравон Маттиа Паскал”, Френсис Скотт Фитсҷералд “Гэтсбии муаззам” ва Ҳерман Ҳессе “Гурги даштӣ” иборат буда, он бо забони ноби тоҷикӣ тарҷума гардидааст ва он дар бахши тарҷумаи бадеии мо дастоварди беназир дониста мешавад.

Китоби "Се шоҳкор" аз ҳаштсад саҳифа иборат буда, бо теъдоди 240 нусха аз чоп баромадааст. Ин се асар ба силсилаи дастовардҳои адабиёти асри XX-и ҷаҳон шомил шудаанд ва мутолиаи он аз манфиат холӣ нест.

Зимни маҳфил ҳамчунин гуфта шуд, ки тарҷумаи китоби "Се шоҳкор" аввалин тарҷумаи адиб Салими Зарафшонфар набуда, ӯ то ин дам инчунин романҳои “Ҷейн Эйр”-и Шарлоттта Бронте, “Гора”-и Робиндранат Такур, ҳикояву қиссаҳои нависандагони машҳури ҷаҳонӣ Акутагава, О. Генри, Пйер Лагерквист, Александр Куприн, Стефан Свейг, Эржебет Галготси ва ғайраҳоро дар сатҳи хуб ба забони тоҷикӣ баргардон намудааст.

Ҷавонони Тоҷикистон