Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи фалак дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

11.10.21.1 2Дар Муассиаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» рӯзи 9 октябри соли равон бахшида ба Рӯзи фалак, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 10-уми октябр дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини ректори донишкада оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фарҳод Махсудзода оғоз намуда, Паёми табрикии ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомиро бахшида ба Рӯзи фалак қироат намуд. Зикр гардид, ки фалак имрӯз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар назди кафедраи сарояндагӣ (халқӣ)-и донишкада бахши фалаксароӣ роҳандозӣ гардида, омӯзгорон ба донишҷӯён нозукиҳои ин жанри мусиқиро меомӯзонанд. Ҳамзамон, дар донишкада анасамбли «Фалак» фаъолият менамояд, ки дар он зиёда аз 30 нафар донишҷӯ дарси маҳорати фалаксароиро азбар мекунанд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби устодону донишҷӯён рубоиёти «Фалаки даштӣ», «Фалаки паррон», шеърҳои “Фалаки сеқисма”, «Парво макун», «Ғами дил», «Қадри сухан», «Фалаки сеқисма», ғазалҳои «Сезарб», «Ҳар замон», “Силсилаи фалак” ва оҳангҳои марғуб баҳри фароғати ҳозирин манзур гардид.

11.10.21.1 111.10.21.1 311.10.21.1 4