Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

10 октябр - Рӯзи фалак

11.10.21Санъати фалаксароӣ яке аз бахшҳои баргузидаи фарҳанги миллати мост, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос мондааст. Ин арзишҳои фарҳангӣ ғолибан бозгӯкунандаи пиндору гуфтору рафтори нек ҳастанд, ки дар гузашта аҷдодони мо офаридаву ҳифз кардаанд. Фалак сароидан, маънии розу ниёз гуфтан бо Кирдугорро дорад. Дигар хусусияти санъати фалак ин аст, ки мардум дар он аз мушкилоти рӯзгор, қисмати носозгори хеш шикоятҳо мекунанд ва бо ин таскини дили худро аз он дармеёбанд.

Бо мақсади ҳифзи ин мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 ҳамасола дар ҷумҳурӣ 10 октябр Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин хотир дар яке аз саҳифаҳои маҷаллаи “Фирӯза” мақола бо номи “Гулчеҳра Содиқова-розкушои фалак” оид ба ҳунари фалаксарои нотакрори тоҷик, таълимдидаи мактаби эҷодии ҳунарманди зиндаёд Одина Ҳошим, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз кишвар низ шуҳратёру шинохта гаштааст, Гулчеҳра Содиқова рӯи чоп омадааст. Ӯ сарояндаест мардумӣ, ҳунармандест, ки рафтору гуфтораш, одобу либоспӯшиаш, зебоипарастӣ ва ҳунарвариаш аз саргаҳи дарёи фарҳанги моддию маънавии мардум об хӯрдааст. Дар фалаксароӣ мақоми арзандаеро дорост ва маҳбуби хосу ом гардидааст. Давомдиҳандаи воқеии ҳунари устоди худ Одинаи Ҳошим мебошад.
Доир ба рӯзгор, кору пайкор ва ҳунари нотакрори ин бонуи ҳунар мухлисону ихлосмандон метавонанд аз маҷаллаи “Фирӯза” маводи ҷолибу хонданиро дастрас намоянд.
Маҷаллаи “Фирӯза” минбари занони донишманд, муаррифгари бонувони ҳунарманду эҷодкор!