Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Асари “Балҷувони”-и Гулчеҳра Муҳаммадиева рӯи чоп омад

08.10.21.6 1Рӯнамоии асари тозанашри адиб, Гулчеҳра Муҳаммадиева зери унвони “Балҷувон”, ки дирӯз 7 октябри соли равон дар толори хониши “Китобхонаи Лоҳутӣ” баргузор гардид, аз ҷониби аҳли зиё, олимон ва дӯстдорони роҳи эҷод бо хушнудӣ истиқбол гардид.

Китоби “Балҷувон”-и Гулчеҳра Муҳаммадиева ба макони биҳиштосо ва мардуми сарбаланди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бахшида шуда, табиати зебою дилфиреби ин диёри афсонавӣ, гиёҳҳои шифобахшу меваҳои шаҳдбор, олами набототу ҳайвоноти гуногуни он бо забони фасеҳу сода рӯи қалам омадааст.

Дар бораи растаниҳои шифобахши ноҳия, хусусиятҳои муолиҷавии гиёҳҳо дар тибби халқӣ ва муосир низ, дар асар гирдоварӣ шудааст.


08.10.21.6 208.10.21.6 3