Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар "Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон"

08.10.21.4 3Рӯзи 5 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон" бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.

Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ намоянда аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ифтитоҳ бахшида, аҳли толорро бо ин сана, яъне Рӯзи забони давлатӣ табрику муборакбод намуд. Дар бораи бузургии забони давлатӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ ибрози андеша намуд. Номбурда қайд кард, ки “Забони давлатӣ дар пойдории давлати миллӣ нақши барҷаста дорад. Аз ин рӯ, ҳар мамлакате, ки мехоҳад қудрату нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро тақвият бахшаду пойдор созад, пеш аз ҳама бояд мақому паҳнои истифодаи забони миллиашро густариш диҳад”.

Дар анҷоми чорабинӣ наврасон бо иҷрои барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ иборат аз шеъру суруд ва рақсу саҳначаҳои ҳаҷвӣ ҳамчун нишони эҳтирому посдории забони давлатӣ хотири иштирокдорони маҳфилро шод гардониданд.

08.10.21.4 108.10.21.4 208.10.21.4 408.10.21.4 508.10.21.4 608.10.21.4 708.10.21.4 808.10.21.4 908.10.21.4 10