Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Боргоҳи илму ирфон

08.10.21.3 17-уми октябри соли ҷорӣ ба муносибати 96-солагии Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои муассиса ҷамъомади адабию илмӣ таҳти унвони «Боргоҳи хирад» бо иштироки олимону донишмандон ва собиқадорони соҳаи табъу нашр баргузор гардид. Чорабиниро директори муассиса Ғуломзода Қурбон ҳусни оғоз бахшида аз таърихи ин муассиса ёдовар шуда зикр намуданд, ки бо Қарори Раёсати Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон аз 7-уми октябри соли 1925 Нашриёти давлатии Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1964 «Ирфон» ва соли 2000-ум Муассисаи нашриявии «Ирфон» ном гирифтааст. Аввалин роҳбари ин муассисаро шоири ширинкалом Абулқосим Лоҳутӣ ба ӯҳда доштанд, сипас сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ҳамчун сармуҳарррир ва баъдан ба сифати роҳбар дар ин боргоҳи илму маърифат ифои вазифа намудаанд. Мавриди зикри хос аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ нашриёт ба муносибати ҷашнҳои фархундаи кишвар беҳтарин осори адабию илмӣ ва бадеию сиёсиро ҳамасола манзури хонандагон гардонидааст.

Ҳамчунин, нависанда, журналист ва собиқадори соҳа Рабиев Саидмурод ба сухан баромада, аҳли нишастро ба ифтихори ин ҷашн самимона шодбош гуфта, изҳори умед намудан, ки Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар самти рушди фарҳанг ва асолати миллӣ дар гузашта ва имрӯз корҳои назаррасеро ба анҷом расонида, дар оянда низ ҷомеаро бо ғизои маънавӣ таъмин хоҳад намуд.

Сипас муовини директор оид ба кори эҷодии муассиса Абдураҳмонзода Абдувалӣ зимни суханронии худ иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар муассиса осори бисёрҷилдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат»-ро бо забонҳои тоҷикию русӣ пайгири намуда, то кунун 20 ҷилди китоби номбурдаро бо забони тоҷикӣ ва 18 ҷилди онро бо забони русӣ таҳти унвони «Независимость Таджикистана и возрождение нации» нашр гардонида шуд. Қобили зикр аст, ки бори аввал маводҳои ҷилди тоҷикӣ (ҷилди 20) бо матни русӣ пурра мувофиқ кунонида шуд.

Ҳамзамон барои осон гардидани раванди таҳқиқ дар ин ҷилд кӯмакфеҳристи ашхос, ҷуғрофӣ, мавзӯи, сарлавҳаи китоб дар шакли васеъ ва мукаммал ҷой дода шуд. Айни ҳол дар муассиса гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо ба омода намудани кӯмакфеҳристи китоби бисёрҷилдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» машғул мебошанд. Ҳамзамон, барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи табъу нашр аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба кормандон китобҳои арзишманд тӯҳфа карда шуд.

08.10.21.3 208.10.21.3 308.10.21.3 408.10.21.3 508.10.21.3 6