Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи фалак дар Китобхонаи миллӣ

07.10.21.3Бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 ҳамасола 10 октябр Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад. Бо ин мақсад рӯзи 6 актябри соли равон ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Фалак- дурри бебаҳои фарҳанги мардуми тоҷик» бахшида ба Рӯзи фалак аз ҷониби шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш директори китобхона Ҷалолуддин Нурзода баромад намуда, жанри адабии фалакро аз зумраи муқаддасот ва арзиши милливу фарҳанги маънавии тоҷикон шуморид. Номбурда иброз дошт, ки “Имрӯз дар махзани шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ садҳо маводи чопӣ, аудио ва видеоӣ роҷеъ ба фалак ҳифзу нигаҳдорӣ гардида, ба хонандагону дӯстдорони ин навъи мусиқӣ пешниҳод мегарданд”.

Дар чорабинӣ масъулони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Ансанбли «Фалак»-и ба номи Одина Ҳошим ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуда, роҷеъ ба ин жанри мусиқии суннатии халқи тоҷик суханрониҳо намуданд.

Дар анҷоми маҳфил ҳунармандони ансамбли “Фалак” хотири иштирокчиёнро бо хондани сурудҳо дар ин жанри мусиқӣ шод гардониданд.