Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Ирфон» таҷдид мешавад (ба муносибати таҷлили 96-солагии Муассисаи нашриявии «Ирфон»

07.10.21.2Мардуми куҳанбунёди тоҷик аз қадимулайём китобдӯсту китобхон мебошанд ва ин ганҷинаи бебаҳоро мисли гавҳараки чашм ҳифз ва ҳимоя менамоянд. Далелҳои таърихӣ собит месозанд, ки тору пуди ин миллат бо китоб пайвандии ногусастанӣ дорад. Агар ба дидаи таҳқиқ ба эҷодиёти бузургтарин адибону шоирон, олимону донишмандон ва файласуфони миллат назар афканем, мебинем, ки китобу китобхонӣ ва арҷ гузоштан ба ин ганҷинаи ноёб мавқеи калидиро касб намудааст.

Чуноне, ки шоири ширинклом Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
Ин ду қувват эътибори миллат аст.

07.10.21.1

Бояд зикр намуд, ки Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз маъруфтарин ва машҳуртарин муассисаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Шояд дар ватани мо аз ҳафтсола боло касе пайдо нашавад, ки китобе аз мунташираҳои ин нашриётро нахонда ва оилае набошад, ки номае аз чопкардаҳои ин муассисаро дар хона надошта бошад. Гузашта аз ин, нақши ин нашриёт, ки дар давраҳои мухталиф номҳои гуногун дошт, дар амри барқарории Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, маориф, фарҳанг ва илми кишвари мо ғайри қобили инкор аст. Фаъолияти ин муассисаи бонуфузи кишварро метавон ба кори неругоҳи азим шабоҳат намуд, ки тайи солҳои тӯлонӣ хонаҳо, кую барзанҳо, деҳу шаҳракҳои моро нур мебахшид, яъне: нури маърифат, нури дониш ва нури хирад.

Инак, аз рӯзи таъсис додани ин нашриёти нурофару фарҳангсолор 96-соли пурбарор сипарӣ гардид. Агар ба дидиаи таҳқиқ бингарем, ин 96-сол роҳи кӯтоҳи таърихӣ нест. Аммо роҳест тӯлонӣ ва пурпечутоб, вале муҳимтар аз ҳама пурбору пурсамар ва дар айни замон таъминкунандаи ҷомеа бо ғизои маънавӣ. Бештари хонандагони имрӯзаи тоҷик шояд, аслан иттилоъи комил надоранд, ки ҳанӯз 96-сол муқаддам замони қадами аввал ба арсаи ҳасти гузоштани ин нашриёт сарварии онро марди наҷибу донишман ва шоири сарсупурдаи миллат устод Абулқосим Лоҳутӣ бар ӯҳда доштанд. Лозим ба ёдоварист ки сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ низ аввал ҳамчун сармуҳаррир ва баъдан ба ҳайси роҳбари ин муассиса фаъолияти босамар кардаанд. Ин саромадони ададбиёти навини тоҷик бо ҷалби афроди соҳибфазлу ботаҷриба ва соҳибистеъдоду бофарҳанги замони хеш рушду нумӯъ ва ташаккулу такомули ин муассисаи фарҳангӣ корнамоиҳо кардаанд.

Мавриди зикри хос аст, ки гузаштагони мо дар фарозои таърих яке аз аввалинҳо шуда, ба навиштани китоб камари ҳиммат бастаанд. Ба ин мисоли равшане гардида метавонад китоби «Авасто», ки яке аз нахустин китобҳои мардумони форсу тоҷик маҳсуб мегардад. Авасто аз китобҳои қадимаи гузаштагони мо буда, мувофиқи охирин тадқиқотҳои илмӣ марҳилаи ба вуҷуд омадани онро муаррихон ба давраҳои ҳазораи аввали пеш аз мелод мансуб медонанд.

Аммо иқрор бояд шуд, ки чопи китоб ба забони модарии мо ба маънои пуррааш, мутобиқ ба барномаи ҳадафмандона то таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1924 вуҷуд надошт. Танҳо дар санаи 7-уми октиябри соли 1925 бо қарори Раёсати Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистонт нашриёти «Ирфон» таъсис ёфт, ки сарварии онро шоири инқилобӣ устод Абулқосим Лоҳутӣ ба зима гирифт.

Баъдтар бо қарори муассисаи табъу нашр А. Деҳотӣ, А. Пирмуҳаммадзода, С. Ҷавҳаризода, Ҳ. Аҳрорӣ, О. Исматӣ, А. Исмоилзода, Б. Ҳоҷизода, Л. Бузургзода ва Шарифҷон Ҳусейнзода барин олимону донишмандонро ба роҳбарии ин муассиса ҷалб намуданд. Соли 1927 повести «Одина» ва соли 1930 аввалин романи адабиёти тоҷик – «Дохунда»-и устод Садриддин Айнӣ аз чоп баромад. Дафтари ашъори устод А. Лоҳутӣ, ҳикояҳои А. Деҳотӣ ва Ҷ. Икромӣ ба нашр расидаанд. Бояд зикр кард, ки соли 1930 нашриёт ба Тошкант ва соли 1931 боз ба Душанбе кӯчид. Аммо шуъбаи самарқандии нашриёт то соли 1937 фаъолият намудааст.

Дар таърихи башарият дар ҳама давру замон дар ҳалли умдатарин масоили иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ ёвару мададгори инсон, ҷомеа ва давлат китоб ба шумор меравад. Аз ин рӯ, китобҳои асил як умр ёвари рӯйимизии мо ва асрҳои аср пандомӯзи насли башарӣ буданду ҳастанд.

Соли 1933 аз чоп баромадани «Алифбо»-и Ҳилол Каримов барои хонандагони синфи якум як падидаи тозаи фарҳангию илмӣ ва маърифатӣ буд. «Алифбо»-и мазкур беш аз 50 сол баҳри саводу маърифат омӯзии фарзандони халқи тоҷик хизмати пурарзиш намуд.

Нашриёти Давлатии Тоҷикистон дар чанд моҳи фаъолияти пурсамари хеш яъне соли 1925, 8 номгӯй китоб нашр кард, ки аз он 4 номгӯяш китобҳои дарсӣ буданд: «Дарси ҳисоб», «Роҳбари бесаводон», «Ҳисоб» ва «Соли нахустин» аз аввалин меваҳои ин даргоҳи илму маърифат маҳсуб меёфтанд. Чуноне, ки Раҳим Ҳошим навиштааст: «Агар Нашриёти давлатии Тоҷикистон соли аввали таъсиси худ 8 номгӯй китоб, аз онҳо 4 номгӯй китоби дарсӣ бароварда тавониста бошад, пас, дар муддати даҳ соли баъд – соли 1935 китобҳои нашркардаи он ба 266 номгӯй расидааст». Бинобар ин моҳи апрели соли 1926 Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон «Дар бораи азнавсозии Нашриёти давлатии Тоҷикистон» қарор мекунад, ки дар он чунин гуфта мешавад: «Ба Самарқанд ё Тошкант интиқол додани маркази нашриёти давлатиро оқилона ва зарурӣ мешуморад».

Устод Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯи салоҳияте, ки ба уҳда дошт, ба Самарқанд рафта, кори шуъбаи самарқандии «Нашриёти давлатии Тоҷикистон»-ро ба роҳ мемонад ва сармуҳарририи ин шуъба ба зиммаи устод Айнӣ вогузор карда мешавад. Шаҳри Самарқанд, ки он айём маркази Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор мерафт, вазъи саноати китобчопкунӣ нисбатан хубтар буд ва устод Айнӣ дар як муддати кӯтоҳ кормандони боистеъдод ва як андоза таҷрибадори соҳаи табъу нашр, чун Ҳ. Ирфонӣ, С. Манофзода, И. Раҳматуллозода, С. Ализода, Т. Зеҳнӣ, Р. Ҳошим ва Н. Муҳаммадовро ба ҳам оварда тавонист.

Тӯли солҳои 1947-1956 «Нашриёти давлатии Тоҷикистон» (ҳоло «Ирфон») 2605 номгӯй китобу ҷузва ва мусаввараю варақаро бо теъдоди умумии 27 миллион нусха аз чоп баровард.

Нашриёт баробари китобҳои дарсиву илмӣ, сиёсиву иҷмоӣ ба чопи адабиёти бадеӣ низ ҷиддӣ шуғл меварзид.

Чун нашриёти «Ирфон» тибқи оинномаи он муассисаи табъу нашри гуногунсоҳа мебошад, аксаран, ба чопи китобҳои оммавӣ-сиёсӣ ва илмию техникӣ машғул мебошад. Бояд тазаккур дод, ки баъд аз барқарор гардидани низоми конститутсионӣ дар кишвар ва баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон нашриёт ба интишори маводи иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ ва муҳимтарин аснод ва вохӯриву мулоқотҳои Сарвари давлат бо қишрҳои мухталифи аҳолӣ иқдом намуд.

Соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои марбути онро нашриёт ба табъ расонид.

Соли 1995 нашриёт матни суханрониҳои Сарвари давлатро дар ду ҷилд таҳти унвони «Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ»-ро бо теъдоди 2 ҳазор нусха аз чоп баровард.

Соли 1996 боз як маҷмӯаи дуҷилдаи суханрониҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Тоҷикистон: дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин» бо забони тоҷикӣ ва як ҷилди онро бо номи «Политика мира и созидания» бо забони русӣ мунташир намуд.

Бояд зикр намуд, ки нашриёти «Ирфон» (аз соли 2000 Муассисаи нашриявии «Ирфон») дар ҳамаи марҳилаҳои муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвари азизамон ширкати фаъолона дошта, мардуморо бо ғизои маънавӣ таъмин намудааст.

Боис ба ёдоварист, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мустақилӣ, фазои демократӣ ва ҳуқуқбунёдии кишварро таъмин намуда, дар фаъолияти Муассисаи нашриявии «Ирфон» саҳифаи наверо боз намуд. Бояд гуфт, ки ин муассиса дорои таҷрибаи зиёди касбӣ мебошад, бори асосии табъу нашри китобҳои бадеӣ, адабӣ, илмӣ, фалсафӣ ва сиёсиро ба дӯш дорад. Дар якҷоягӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» барои сари вақт дастраси аҳолии ҷумҳурӣ намудани осори чопӣ пайваста талош меварзад.

Инчунин нашриёти «Ирфон» соли 1999 ба муносибати таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён як силсила китобҳои илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ: аз қабили А. Азимов «Давлати тоҷикбунёди тоҷикон», Ҳ. Назаров «Авомили сууд ва суқути давлати Сомониён», Н. Неъматов «Давлати Сомониён» ва Муҳаммадзамони Солеҳ «Девони Хуросон»-ро нашр намуд, ки аз ҷониби хонандагон мавриди истиқбол қарор гирифтанд.

Мавриди зикри хос аст, ки Муассисаи нашриявии «Ирфон» аз соли 2002 силсиламаҷмӯаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ва аз соли 2006 тарҷумаи русии он «Независимость Таджикистана и возрождение нации» оғоз намуд, ки то имрӯз 20 ҷилди он бо забони тоҷикӣ ва 18 ҷилд бо забони русӣ ба табъ расидаанд. Ба истиқболи ҷашни бузурги миллиямон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилди 20-уми силсиламаҷмӯаи Пешвои миллат «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» дар сатҳи баланд аз чоп баромад. Ин маҷмӯа матни суханрониҳо, маърӯзаҳо, мусоҳибаҳо, изҳоротҳо, муроҷиатномаҳо ва паёмҳои табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15-уми январ то 31-уми декабри соли 2020-ро дар бар мегирад.

Ҳамзамон барои осон гардидани раванди таҳқиқ бори аввал дар ҷилди 20 силсиламаҷмӯа мураттибон се навъи кӯмакфеҳристи библиографиро аз қабили: феҳристи мавзӯъҳо, феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ва феҳристи ашхос дар шакли васеъ ва мукаммал ҷой додаанд, ки истифодаи босамари ин кӯмакфеҳристҳо барои пажӯҳандагони риштаҳои гуногуни илм муфид хоҳад буд. Зимнан ёдрас гардидан ба маврид аст, ки ин силсиламаҷмӯа бо теъдоди 1000 нусха бо сатҳ ва сифати баланди полиграфӣ ба нашр расидааст.

Муассиса яке аз аввалин нашриётҳое маҳсуб мегардад, ки китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз даврони Шуравӣ то имрӯз пайваста ба нашр расонида дастраси хонандагон мегардонад. Дар соли 2021 дар таҳрири нав, бо гузоштани харита ва расмҳои дохили китоб ба сифати баланд дар матбааи “Муосир” бо теъдоди 1300 нусха аз чоп баромад. Ҳамзамон бо кӯшиши пайвастаи кормандони муассиса китоберо бо номи “Роҳнамои ношир (маводи роҳбарикунанда)” барои истифодаи хизматӣ омода ва чоп намудаанд, ки ин дар даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз аввалин дастурҳо дар ин соҳа маҳсуб мегардад.

Инчунин дар робита ба ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти ватани азизамон муассиса ҳамчун тӯҳфа ду намуди руқаотро (открытка) таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари куҳанбунёд” ва “Тоҷикистони замони истиқлолият” бо гирд овардани 60-расм бо тавсифи маълумотӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия гардида бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад.

Айни замон бо дастгирии бевоситаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми бинои ин боргоҳи маърифатӣ аз нав таъмиру таҷдид карда шуд.

Бо кӯмак ва дастгирии саривақтии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки маблағҳои дохилӣ, аз нимаи дуюми соли 2020 болопӯши бинои Муассисаи нашриявии «Ирфон» ва утоқҳои кории онро ба пуррагӣ таъмиру таҷдид карда шуда, кормандон бо компютер ва дигар таҷҳизоти зарурии чопӣ таъмин гардиданд. Албатта бовари дорем, ки ин азнавсозӣ маҳсулнокии меҳнати аҳли эҷодро дучанд афзун намуда, барои бо сифати баланд ва сари вақт чоп намудани китобҳои сиёсӣ, илмӣ, оммавӣ ва бадеӣ таъсири калон мерасонад.

Ҳамзамон боис ба ёдоварист, ки Оиннома, Низомнома, сохтор ва дастурамали мансабии кормандони муассиса дар робита ба омӯхтанӣ таҷрибаи бойи давлатҳои муқтадри пешрафтаи дунё дар самти табъу нашр аз қабили: Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ҷумҳурии Белоруссия, Украина, Узбекистон ва Қазоқистон дар шакли нав ба талаботи замони муоссир мутобиқ гардонида шуданд.

Аз аввали соли 2021-ум сар карда, баъзе шуъбаҳо ва басти кории муассиса вобаста ба тағийрот ва тақозои замона таҷдиди назар карда шуданд. Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти Муассисаи нашриявии «Ирфон» таъсис дода шуд. Вазифаи асосии ин шуъба омӯхтани дақиқи бозори китобу талаботи хонанда ва ба ин восита бо сифати баланд ва ҷавобгӯй ба шароит чоп намудани китоб ва дигар маводи чопӣ ба шумор меравад.

Шуъба дар доираи салоҳияти худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми воҳидҳои сохтории муассиса, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар соҳаи фарҳанг ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонад. Инчунин он танзим ва назорати фаъолияти кормандонро ба уҳда дошта, ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг мусоидат менамояд.

Шуъбаи маркетинг ва мененҷмент дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти ғайридавлатию ҷамъиятӣ ва муассисаву ташкилотҳои дигари ҷумҳурӣ вобаста ба шароити иҷтимоиёти аҳолӣ корҳои омӯзишии бозори китоб, фурӯш ва нашри маводҳои гуногуни чопиро иҷро менамояд.

Алҳол Муассисаи нашриявии “Ирфон” аз рӯйи нақшаи тарҳрезӣ намудаи хеш барои давраи соли 2021 маводҳои гуногуни чопии сиёсиву иҷтимоиро мувофиқи меъёрҳои муосири чопӣ ба нашр тайёр месозад. Ҳамзамон, муассиса омода аст, ки тамоми номгӯйи китобҳоро сари вақт таҳлили забонию имлоӣ ва мантиқию маъноӣ гузаронида, бо сифати баланд корҳои тарроҳӣ ва ороиширо ба анҷом расонад. Зеро ки дар ин муассисаи маърифатӣ ҳама кормандон соҳибтахассус буда, таҷрибаи тулонӣ ва маҳорати баланди корӣ доранд. Мо умед бар он мебандем, ки дар самти фарҳангӣ кунонидани ҷомеа ва бо ғизои таъмин намудани мардуми тамадунофари тоҷик солҳои зиёд хидмати босамар хоҳад кард.

Ғуломзода Қурбон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент