Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ба Осорхонаи Гимеи Париж 211 адад нигораҳои Тоҷикистон барои намоиш пешниҳод гардид

gimeyАз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022 дар Музеи Гимей — Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж намоиши нигораҳои таърихии ҷумҳуриямон зери унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» баргузор мегардад.

Дар намоишгоҳ 211 адад нигораҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса намоиш дода мешаванд. Ҳамзамон дар ин рӯз бо забонҳои гуногун филмҳои тоҷикӣ ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд.

Аз Осорхонаи милли Тоҷикистон 70 нигораи нодир ва аз Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон зиёда аз 140 нигораи нодир барои намоиш дар Осорхонаи миллии ҳунарҳои осиёи Гимеи шаҳри Париж фиристода шудаанд.