Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар ДДФСТ

06.10.21.155 октябри соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон бо ширкати мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Амирхон Шохонов, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шаҳбоз Назаров, ҳайати профессорону устодон ва собиқадорону донишҷӯён ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишкада оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фарҳод Махсудзода ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфт. Зикр гардид, ки агар дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллат ҳамеша пайи нигоҳ доштани забони миллӣ, арзишҳои миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз давлату миллати худ дифоъ карда бошанд, ҳамакнун ин рисолатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифтаанд.

Сипас, муовини ректори донишкада Паёми шодбошии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Низомӣ Муҳриддин Зайниддинро бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ироа намуд.

Баъдан, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Амирхон Шохонов ва корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шаҳбоз Назаров иштирокдорони ҳамоишро бо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҳният гуфта, теъдоди зиёди устодони донишкадаро бо ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонданд.

Дар чорабинӣ, инчунин ба 4 нафар устодони донишкада нишони сарисинагии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба 14 нафар ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Дар ин росто, аз ҷониби Раёсати донишкада 54 нафар устодони донишкада бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонда шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯёни донишкада барномаи ҷолиби фарҳангӣ-ҳунарӣ бо фарогирии шеъру оҳангҳои “Забони тоҷик”, “Устоди муҳаббат”, “Навои кӯҳистон”, “Муаллим”, “Ба муаллим”, “Биё, биё ёри қашангам”, “Баҳори ман” ва ғайра пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардонда шуд.