Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҷаллаи «Мероси ниёгон» дар соли 2021 рӯи чоп омад

06.10.21.14Шумораи навбатии нашрияи илмӣ-оммавӣ ва фарҳангӣ-маърифатии «Мероси ниёгон» №23-2021, ки муассиси он Раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардид.

Дар саҳифаҳои аввали он «Иқтибосе аз Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва маводи сармуҳаррири маҷалла М.Азизов «Мероси фаромӯшшуда» чоп шудааст.

Дар партави 30-солагии соҳибистиқлолӣ мақолаву маводҳои М. Имомзода «Бо халқ сохт, барои халқ сохт», З. Давлатзода «Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ», М. Қ. Ашӯриён «Рушди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ф. Раҳимӣ «Нақши Академияи миллии илмҳо дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлоли давлатӣ», Н. Убайдулло «70 сол дар роҳи омӯзиши таърих ва фарҳанги миллат» ва С. Давлиёрова «Худшиносии миллӣ ва масоили фарҳангӣ» нашр гардиданд.

Дар рубрикаи Таърих ва бостоншиносӣ мавзӯъҳои «Ёдгориҳои замони ориёнии Тоҷикистон», «Баъзе масъалаҳои маскуншавии тоҷикон ба Сибир дар нимаи дуюми асри XVI–XVIII», «Нигоҳе ба таърихи истилоҳи «фолклор» ва «адабиёти гуфторӣ»», «Вашгирд бозгӯи таърихи қадими тоҷикон аст», «Муруре ба осори ғайридинии адабиёти суғдӣ», «Осори бостонии деҳаи Хушдилони ноҳияи Данғара», «Шаҳраки Лағмон аз нигоҳи бостоншиносӣ», «Коллексияи сиккаҳои мисӣ аз Ҳалқаҷар», «Назаре ба вазъи ду ёдгории таърихӣ дар шаҳри Истаравшан», «Пайдоиш ва ривоҷи хатти настаълиқ дар Осиёи Марказӣ», «Навиштаҷоти суғдӣ аз деворнигораи Афросиёб», «Ховалинг: Хонақоҳи Севодара чӣ асрор дорад?», «Аз таърихи касалиҳои пӯст», «Тибб: пайдоиш ва роҳи тайнамудаи он», «Қалъаи Ҳисорак – 1800 сол», «Манораи ҷодуии Ҷоми Ғур», «Панҷакенти қадима — намунаи тамаддуни минтақа», «Шаҳраки Ойхонум мероси ҷаҳонии тоҷикони Афғонистон» ва «Таҳаввули кандакории дарҳо» рӯи чоп омаданд, ки ба қалами олимону муҳаққиқони варзида мансубанд ва ба хонанда оид ба саҳифаҳои рангоранги таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик нақл мекунанд.

Маводҳои ҷолиби таҳлилӣ ва тадқиқотӣ оид ба «Ҳифзу нигаҳдошти Мероси ниёгон» ва «Мероси чеҳраҳои баруманди миллат» дар саҳифаҳои дигари маҷалла чоп шудаанд, ки хеле хонданибоб мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки Раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хотири таблиғи ин мероси арзишманд ва ҳифзу нигоҳдории он нашрияи худ, маҷаллаи «Мероси ниёгон»-ро аз соли 1992 инҷониб ҳар сол як шумора дар ҳаҷми то 150 саҳифа, бо теъдоди то 5000 нусха ба табъ мерасонад. Хоҳишмандон метавонанд маҷалларо бо суроғаи ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 34, тел.: 223-13-18; 93-555-62-56; 907-90-68-21, E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. дастрас намоянд.

Бону Носирова