Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конференсияи илмӣ- амалӣ зери унвони «ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ» дар Кумитаи забон ва истилоҳот доир шуд

06.10.21.13 1Рӯзи 5 октябри соли равон дар дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар Конфронс шарҳу тафсири «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар таҳрири нав мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз дошт, ки дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» масъалаҳои марбут ба номи ҳарфҳо, имлои овозҳои садоноку ҳамсадо, калимаҳои содаю мураккаб ва таркибҳо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима, имлои ҳиссаҳои нутқ, махсусан навишти ихтисораҳо, ҳарфҳои калону хурд, тарзи имлои номи муассисаю корхонаҳо, номҳои ҷуғрофӣ, асару китобҳо, маҷаллаҳо, мансабу вазифа ва рутбаҳо, имлои нумеративҳо, бандакҳо, пешванду пасвандҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, имло ва тарзи навишти онҳо мушаххас нишон дода шудааст ».

06.10.21.13 2

Ҳамзамон зимни ҳамоиш мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода иброз дошт, ки «давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаю ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор мекунад, ки барои рушду густариши забони давлатиамон чӣ дар дохил ва чӣ хориҷи кишвар камари ҳиммат баста, кору иқдоми марбут ба ин масъаларо мунтазам миёни тамоми қишрҳои ҷомеа амалӣ сохта, ба роҳ монем. Зеро забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонии миллати мост».

Инчунин дар конфронс аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ дар мавзӯъҳои «Имло ва садонокҳои забони тоҷикӣ», «Нигоҳе ба дастури методии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Инъикоси раванди байналмилалӣ шудани забони тоҷикӣ дар асари Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат», «Татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Эҳёи ҷойномаҳои тоҷикӣ дар замони Истиқлол» маърӯзаҳо манзур гардиданд.

Иштирокчиён дар анҷоми ҳамоиш фикру мулоҳизаҳояшонро вобаста ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва баъзе масоили марбут ба он иброз намуданд.