Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Супоридани мукофотҳои соҳавӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанг

06.10.21.2


Рӯзи 5 октябри соли равон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Рӯзи забони давлатӣ”, “Рӯзи омӯзгор”, ҳамзамон барои муваффақият ва комёбиҳои назаррас, дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои сиёсати фарҳангии кишвар, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ як қатор кормандони Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев” нишони соҳавии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонид.

06.10.21.306.10.21.406.10.21.5



 





Дар маросими мукофотсупорӣ ба кормандани фаъоли Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо” ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф иштирок намуд. Муовини вазир бо суханронии пурмуҳтавою шуниданӣ, бо самимияту музаббати беандоза нисбат ба ватану диёр баромад намуда, гирандагони нишони соҳавиро табрику таҳният гуфт.

06.10.21.606.10.21.706.10.21.806.10.21.906.10.21.10 1                                              06.10.21.10 4













06.10.21.11
Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев” барномаи фарҳангиро бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” ва “Рӯзи омӯзгор” баргузор намуд, ки дар чорабинӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо иштирок ва суханронӣ кард. Дар ҷараёни баргузории барномаи фарҳангӣ Шарифзода Манучеҳр Муртазо ба як қатор омӯзгорони фаъоли Муассиса нишони соҳавиро тақдим намуда, гирандагонро бо сазовор шудан бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрику муборакбод намуд.

Марям Холиқзода

06.10.21.12 106.10.21.12 206.10.21.12 306.10.21.12 406.10.21.12 506.10.21.12 606.10.21.12 706.10.21.12 806.10.21.12 9