Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Либоси миллии тоҷикон-беҳтар аз либоси "исломии туркҳо ва арабҳо": нигоҳе ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ

05.10.21.11 1Чанд соле пештар ҳам оиди ин мавзуъ матлабе навишта будам. Инҷо мехоҳам мухтасаран баён созам, ки либоси сирф миллии тоҷикии мо камтар аз либоси исломӣ нест, балки аз ҳамон либосҳое, ки имрӯзҳо олами турку араб пешниҳод карда истодаанд ҳамчун либоси исломӣ гуфта, аз он дида беҳтаранд. Зеро, ки аз нигоҳи меъёрзои ҳуқуқӣ бингарем, мо пеш аз ҳама бояд арзишҳои миллиамонро ҳифз кунем. Либоси миллӣ ҷузъе аз арзишҳои миллӣ мебошад ва ҳифзи он вазифаи ҷонии мо мебошад.

Дигар ин ки агар аз нигоҳи меъёрҳои ахлоқӣ назар кунем, пеш аз ҳама ишора кардан зарур аст, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ дар заминаи меъёрҳои ахлоқӣ ба вуҷуд омадаанд ва якдигарро пурра мекунанд.

Аз ин нигоҳ либоси миллии мо бо тамоми талаботҳои шариати исломӣ ҷавобгӯ мебошад. Тибқи шариати Ислом ва мазҳаби Имом Абуҳанифа барои зан пушидани тамоми баданаш вочиб аст ба ғайр аз ваҷҳ яъне рӯй, кафи даст ва кафи пой (панҷаҳо аз буҷулак поён). Ҳоло бубинед расми зерро чӣ қадар занону модарони тоҷик беҳтаранд хам аз нигоҳи дин ва ҳам аз нигоҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ.

Посух ба суоле, ки чаро либоси миллии мо бехтар аз "либоси исломии туркхову арабхо" хаст, ин аст, ки банда шаркшиносам ва ба олами турку араб аз наздик ошно.

Либоси исломии туркҳову арабҳоро дар даруни нохунак овардаам, зеро он исломӣ нест ва ба талаботи Ислом ҷавобгӯ ҳам нест. Тамоми узвҳои ҳассоси бадан бо пушидани либоси "исломии" туркҳову арабҳо намоён аст. Ривояти саҳеҳи дигаре низ мавчуд аст, гуруҳе аз занон назди Ҳазрати Фотимаи Заҳро р.а. духтари Паёмбари Худо меоянд. Занони мазкур тамоми баданашон пушонида буд, вале либосхои пушидаашон мисли имрӯза либосҳои туркию арабӣ шаффоф ва танг буд. Фотимаи Заҳро бо дидани онхо хеле ғазаболуд шуду гуфт: АГАР ДАР ВУҶУДИ ШУМО ЗАРРАЕ ИМОН МЕБУД ИН ГУНА ЛИБОСРО БА БАР НАМЕКАРДЕД!. (инро исломшиносон ва аҳли ҳадис метавонанд шарҳи бештар диҳанд).

Дар пушиши либоси миллии мо ҳам арзишҳои фарҳангии ниёгонамон ҳифз шудааст ва хам тибқи шариати Ислом ҷаззоб набуда, узвҳои ҳассос намоёну урён нестанд, чуноне ки либосҳои туркӣ ҳастанд. Дӯстони гиромӣ ва хонандагону бинандагони арҷманд! Назаре ба расмҳои зер кунед. Инҷо ноҳияи Фархор аст. Чанде қабл сафари Пешвои миллат ба ин минтақа буд ва занону модарони тоҷик бо либосе, ки зикр намудаам нишастаанд. Ин ҳам дар ҳузури одами рақами яки Тоҷикистон. Ишораи охирам ба он маъност, ки имрӯз баъзе фурсатталабон ва шахсони эҳсосотии дур аз маърифати исломию инсонӣ ва дур аз дониш шиорҳоеро барои худ дастак мекунанд, ки гуё дар Тоҷикистон пушидани либоси исломӣ манъ бошаду намедонам чандин сафсатаҳоеро пеш меоранд.

Гуфтаниям, ки то танқиду тавсифи бемавриду бемантиқ хуб мешуд аз руйи маърифати инсонӣ ба таблиғи пушиши либоси миллӣ мисли дар зер буда машғул мешуданд. Ҳам арзишҳои миллиамон ҳифз мешуду ҳам аз нигоҳи ислому мусулмонӣ ҷобаҷову саҳеҳ аст!

05.10.21.11 105.10.21.11 2


Абдусаломов Мирзошариф