Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳастии миллат забони миллат аст

05.10.21.10 75 октябр дар саросари ҷумҳуриямон Рӯзи забони давлатӣ бо як шукуҳу шаҳомати тоза таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар Муассисаи давлатии китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маҳфили адабӣ зери унвони “Ҳастии миллат забони миллат аст” баргузор гардид.

Дар маҳфили адабӣ директори китобхона Сафарзода Ҳусейн, ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидхӯҷа Ализода, шоираи хушкалом Шаҳрия Аҳтамзод, кормандон ва аъзоёну хонандагони китобхона аз муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок намуданд.

Саидхӯҷа Ализода зимни баромади хеш забони тоҷикиро забони мардумони биҳиштӣ хонда, хонандагону толибилмони муассиаҳои таълимиро ба пок доштани забони модарӣ, бо забони содаю зебои тоҷикӣ ҳарф заданро талқин намуд. Шаҳрия Аҳтамзод бо хондани шеъри зебое дар васфи забони тоҷикӣ ҳаводорону ихлосмандони шеъри тоҷикиро хушҳол гардонид.

Таълимгирандагони литсейи назди Донишкадаи соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва хизмат шеъру таронаҳо дар васфи забони модарӣ, Ватан, модар ва рақсҳои дилнишинро манзури тамошобинон гардониданд, ки хотирмону ҷаззоб ба назар мерасид.

Дар анҷоми чорабинӣ Сафарзода Ҳусейн як қатор хонандагон, аъзоёни фаъоли китобхонаро бо тӯҳфаҳо ва Ифтихорнома сарфароз гардонид.

Холиқзода Марям

05.10.21.10 105.10.21.10 205.10.21.10 305.10.21.10 405.10.21.10 505.10.21.10 6