Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг

04.10.21.21 1

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг 4 октябри соли 2021 дар муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П.Бӯйдоқов», бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ-мусиқӣ зери унвони «Забон омӯз, то миллат намирад» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Бобошоҳзода Маҳмадшариф Сангимурод, директори коллеҷ Раззоқзода Салоҳиддин Шамсиддин ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабиниро Разоқзода Салоҳидин Шамсидин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забон ва Иди омӯзгорон табрику муборакбод намуда, ҷиҳати боз ҳам бештар саҳм гузоштан дар рушди забони давлатӣ барору комёбиҳо таманно кард.

Ҳамчунин, Бобошоҳзода Маҳмадшариф Сангимурод суханронӣ намуда, аҳли нишастро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллӣ шодбош гуфта, изҳори умед намуд, ки муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” дар рушди соҳаи фарҳанги мамлакат саҳми арзанда мегузорад.

Сипас, Шарифзода Манучеҳр Муртазо зимни суханронии худ аз номи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат тамоми иштирокдоронро ба муносибати ин ҷашни бебаҳои мероси фарҳангӣ «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона табрику таҳният намуда, ба як қатор устодони коллеҷ мукофот ва ифтихорномаҳо тақдим намуд. Ҳамин тариқ, бо нишони «Аълочии матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», омӯзгор Саидов Муҳаммадҷон ва бо «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» омӯзгорон Салимова Гулсара ва Бобохоҷаев Анвар сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, барои саҳми арзанда дар тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанг, хизмати шоиста дар ободии ноҳия устодони коллеҷ Ҷаъфаров Ҷаъфар, Раҳимова Шабнам, Турсунова Муборак, Воҳидов Миралӣ бо Сипосномаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва Шарифова Шаҳло, Тағоева Марҷона, Собиров Тоҳир бо Сипосномаи МД “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов” қадр карда шуданд.

Дар фарҷом, аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ қироати шеърҳо дар васфи «Забони модарӣ», «Тоҷикистон», «Рӯзи омӯзгорон», «Ватан» ва ҳамчунин бо барномаи рангини консертӣ табъи ҳозиринро шод гардониданд.

04.10.21.21 2504.10.21.21 204.10.21.21 304.10.21.21 404.10.21.21 504.10.21.21 604.10.21.21 804.10.21.21 904.10.21.21 1004.10.21.21 1104.10.21.21 1204.10.21.21 1304.10.21.21 1404.10.21.21 1504.10.21.21 1504.10.21.21 1604.10.21.21 1704.10.21.21 1804.10.21.21 1904.10.21.21 2004.10.21.21 2104.10.21.21 2204.10.21.21 2304.10.21.21 24