Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 16:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳои пойтахт

 04.10.21.2Бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои чумҳурӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт чорабиниҳои фарҳангро баргузор намуд.

Рӯзҳои 2, 3 августи соли равон Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии “Ҷавонон”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Куруши Кабир”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар Боғи фарҳангию фароғатии “Абулқосим Фирдавсӣ”, Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе” дар Боғи “Ирам”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи “С. Айнӣ”, Муассисаи давлатии “Ансамбли тарона ва рақси Сомон” дар Боғи фарҳангию фароғатии “Куруши Кабир” барномаҳои консертии хешро доир намуданд.

Барномаҳои рангину дидании ҳаваскорон иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсҳои руҳнавозу дилнишин бо як шукӯҳу шаҳомати тоза баҳри истироҳату фароғати меҳмонону сокинони пойтахт манзур гардид.

Барномаҳои консертии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.

04.10.21.404.10.21.504.10.21.3