Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар вилояти Суғд

04.10.21.1 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардид. Бо гирифтани 29 ҷойи ифтихорӣ дастаи шаҳри Хуҷанд аз ҷумла, 8 ҷойи аввал, 11 ҷойи дуюм ва 10 ҷойи сеюм мақоми аввалро соҳиб гардид. Бо ба даст овардани 16 ҷойи ифтихорӣ, дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷумла 3 ҷойи аввал, 6 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм мақоми дуюм ва дастаи шаҳри Исфара бо гирифтани 9 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 ҷойи аввал, 5 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм мақоми сеюмро ишғол намуданд. Дар ин бораи АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Дар маҷмуъ, 79 нафар ғолибони озмун, аз ҷумла 15 ҷойи аввал, 30 ҷойи дуюм ва 34 ҷойи сеюм аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун (танҳо аз бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ) аз бахшҳои физика, химия, технологияи иттилоотӣ, математика, география, биология ва ихтироъкорию навоварӣ муайян гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Ғолибон аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, ба панҷгонаи беҳтарин дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент (4 ҷойи ифтихорӣ) ва Деваштич (4 ҷойи ифтихорӣ) низ шомил гардиданд.

Хотирнишон мешавем, ки озмун рӯзҳои 22-24 сентябри соли равон бо иштироки 878 довталаб аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон баргузор гардид.