Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПОСИ ХОТИР

01.10.21.2

Бо мақсади пос доштани хотираи абадии овозхони маъруфу зиндаёд Муборакшоҳ Мирзошоҳ дар зодгоҳаш деҳаи Вомари ноҳияи Рӯшон, дар вазъияти тантанавӣ пайкарааш гузошта шуд.

Чорабиниро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳия Фаррух Додихудо ҳусни ифтитоҳ бахшида, арз дошт, ки зикри хайри одамони маъруфи кишвар вазифаи муқаддаси зиндагон аст. Агар ба гузаштагони соҳибмаърифат арҷ гузошта нашавад, ояндагон низ ба мо эҳтиром нахоҳанд гузошт. Дар тантана писари зиндаёд Имомалишоҳ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастандаркорони ин амали хайр изҳори сипос кард.

Баромади ансамбли этнографии “Помир”, гурӯҳи “Шамс” таҳти роҳбарии ҳунарманди соҳибсалиқаи кишвар Нобовар Чиноров, солисти гурӯҳи “Авасто” Таҳмина Рамазонова ва Далер Назаров ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид. Ҳузури роҳбари гурӯҳи “Равшандилони Рӯшон” доктори илми фалсафа Назархудо Дастамбӯев, устод Ҷонбоз Душанбиев ва дигарон дар чорабинӣ нишони эҳтироми хоса ба шодравон Муборакшоҳ Мирзошоҳ маънидод шуд.

Ҷ. ҚОЗИБЕКОВ, 

Бознашр аз рӯзномаи «Баҳори Аҷам»