Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҲАМОИШИ БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

01.10.21.1 130 — юми сентябри соли 2021 дар толори “Арғунун” — и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ибтикори кафедраи филология ҳамоиши бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баргузор гардид.

Ба ҳамоиш бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиронро бо Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки яке аз бузургмардони фарҳанги форсизабонон ва ҷаҳон шинохта шудааст, самимона табрик намуд.

Дар қисми илмии ҳамоиш ректори донишкада маърӯзаи илмии худро бо унвони “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва Аттори Нишопурӣ” ироа намуд. Ба гуфтаи ӯ, Мавлоно беш аз ҳаштсад сол аст, ки мардумро шефтаи рафтору гуфтор ва осори безаволи хеш менамояд. Ин нукта мусаллам аст, ки ҳар кӣ ба ҷид осори Мавлоноро мутолиа намояд, ҳамоно бештар мабҳути ақволу афкори пурвусъати ӯ гардида, ошиқонаю содиқона дар паи такрору талқини ашъори зебои ӯ мешавад. Таъкиди ин нукта ба ҷост, ки Мавлоно шахсияти бузурги асрҳову давронҳост ва ҳам шахсиятсоз аст. Ғалат намекунем, агар гӯем, ки шуҳрати Шамси Табрезӣ низ ба Мавлоно иртиботи қавӣ дорад. Ҳақ ба ҷониби Шайх Камоли Хуҷандист, ки мегӯяд:

Магӯ арбоби дил рафтанду шаҳри ишқ шуд холӣ,
Ҷаҳон пур Шамси Табрез асту марде ку чу Мавлоно.

Ректори донишкада дар бораи омӯзишу пажӯҳиши осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ибрози назар намуда, зикр сохт, ки дар баробари муҳаққиқини ҳамзабон иддае аз донишмандони хориҷӣ умри хешро сарфи омӯзишу таҳқиқ ва нашри осори Мавлоно кардаанд, ки имрӯз ба шарофати ин иқдоми накӯ номи эшон дар радифи бузургтарин олимони ҷаҳон муаррифӣ мешавад. Амсоли Роналд Николсони инглис, ки матни комили интиқодии «Маснавӣ» -ро ба вуҷуд овард, ки муҳаққиқин ва мутолиакунандагони ин шоҳасар бар асоси нусхаи омодакардаи ӯ «Маснавӣ» — ро мехонанд. Ё Ани Мори Шиммели олмонӣ, ки ба хотири Мавлоно исми Ҷамилабоҷиро барои худ интихоб карда буд ва ба шарофати хидмати бедареғаш дар мавлавишиносӣ дар Қуния хиёбонеро ҳам ба исми ӯ гузоштаанд.

01.10.21.1 201.10.21.1 301.10.21.1 4








Муҳриддин Низомӣ дар бораи камолоти маънавии Мавлоно, бо такя ба сарчашмаҳои муътамад, сухан гуфта, нақши Ҳаким Саноӣ ва Шайх Аттори Нишопуриро дар ҳаёти маънавии ин орифи бузург дар паҳнаи ирфону адаби форсизабон муҳим арзёбӣ намуд. Зикр кард, ки дар камолоти маънавии Мавлоно, ҳамзамон шахсиятҳои бузурги адабию ирфонии гузаштаю муосири ӯ нақши муассире доранд, ки ҳам худи Мавлоно ва ҳам муаллифони сарчашмаҳои адабию ирфонӣ ин нуктаро таъкид кардаанд.

Баъдан, гардонандаи маҳфил Фарҳод Махсудзода маърӯзаи ироанамудаи ректори донишкадаро пурмуҳтаво маънидод намуда, суханро ба мудири кафедраи филология, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулайхо Изатова дод.

Мудири кафедраи филология Зулайхо Изатова, ки мавзӯи “Ахлоқ ва омӯзаҳои ахлоқ дар “Маснавии маънавӣ” — и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” — ро матраҳ менамуд, тазаккур дод, ки осори гаронбаҳои Мавлоно, бахусус “Маснавии маънавӣ” — и ӯ дар ганҷинаи тамаддуни олам ҷои сазоворро гирифтааст. –Зеро, ба гуфтаи ӯ,- дар он масъалаҳои мубраму ҳассоси ҳаёту маънавиёти ҷомеа, асрори ҳастии оламу одам ба қалам дода шудаанд. Илова бар ин, мавзӯъҳо дар осори Ҷалолуддини Балхӣ роҳу василаҳои ташаккули инсон, таълиму тарбияи ӯ ҳам ба қалам омадааст. Яке аз чунин василаҳо тарғиби ахлоқи наку ва накуҳиши хулқи бад аст. Зеро сарчашмаи ҳамаи бадиҳо ва норостиҳо адами риояти ахлоқ аст. Ин аст, ки шоир дар “Маснавӣ” бештар ба умури ахлоқӣ таваҷҷуҳ дошта, хонандагони осорашро ибтидо даъват ба тарки разоили ахлоқӣ ва сипас даъват ба сифоти неки ахлоқӣ менамояд.

Ба таъкиди мудири кафедраи филология, Мавлоно дар боби ахлоқ ва тарбият, нуктаҳои бадеъ ва санҷида дорад. Ӯ лаззатҳои маънавиро бар лаззатҳои ҷисмонӣ тарҷеҳ медиҳад, риё ва худпарастиро ба монанди банде медонад, ки монеи парвоз ба сӯи олами боло мешавад, илму адабро писандида, ихлоси покиро шоиста, ҳирсро накуҳида ва аз наздикӣ ба ҳасудонро барҳазар медонад.

Дар замоне ки раванди ҷаҳонӣ шудан босуръат идома дорад ва ҳуҷуми фарҳангҳои мухталиф боиси касодии ахлоқи ҷомеа мегардад, умед аст, ки пандҳои ҳакимонаву орифонаи Мавлоно чун сипар ахлоқи ҳамидаи инсониро ҳифз менамоянд ва дар ҷомеа пояҳои одамиятро устувор месозанд, — иброз дошт Зулайхо Изатова.

Дар доираи чорабинии фарҳангӣ як қатор устодону донишҷӯён барои хизматҳои софдилона, содиқона, ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ зимни таъмину муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ, иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузории Паради ҳарбӣ, инчунин ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи фахрӣ ва Раҳматномаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе барои хизматҳои шоёну саҳми арзанда, фаъолияти пурсамар дар ташакилу баргузории чорабинии сатҳи баланди фарҳангии театрикунонидашуда таҳти унвони “Сӣ ахтари дурахшон”, ки санаи 9 сентябри соли 2021 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сарфароз гардонда шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯён композитсияи адабӣ-мусиқии “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст” ва барномаи ҷолиби консертӣ аз эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз қабили “Бисозем”, “Ноз мекунӣ”, “Ҷудоӣ”, “Магӯ, ки пирам” пешкаши иштирокдорони ҳамоиш гардонда шуд.

Роҳбари бадеии барномаи ҳунарӣ Арбоби ҳунари Тоҷикистон, раиси Шӯрои бадеии донишкада Сафаралӣ Қурбонов буда, роҳбарии мусиқиро Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Шодмон Муҳиддинов ба зимма дошт.

Додоҷон РӮЗИЕВ