Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 07:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021»

16.04.21.4НИЗОМНОМАИ
БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ «АНДАЛЕБ-2021» БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА «СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ» (МАРТ-АВГУСТИ СОЛИ 2021)

1.Талаботи умумӣ

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор дар самти татбиқи вазифа-ҳои азими стратегии ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ташаккули тафаккури нави демократии аъзоёни ҷомеа роҳ мепаймояд. Вобаста ба ин мақоми муассисаҳи фарҳанг ҳамчун марказҳои фароҳамоварӣ, нигоҳдорӣ, омӯзиш ва тарғиби маҷмӯи донишҳои инсонӣ дар бунёди ҷомеаи нав беш аз пеш меафзояд.

Барои қазовати нерӯҳои зеҳниву эҷодии муассисаҳои мазкур, тақвият бахшидани вазифаҳои иҷтимоии онҳо дар эъмори ҷомеаи навбуёди Тоҷикистон ва дар ин замина баланд бардоштани нақши онҳо дар раванди тарбияи маънавии шаҳрвандон, бахусус насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ғановатманди фарҳанги миллӣ тибқи нишондоди банди 14-уми Нақшаи ҷорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021 - 2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2020, №206 тасдиқ гардидааст, бахшида ба 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ва «Сол-ҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон аз моҳи март то нимаи якуми моҳи августи соли 2021 бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивал - озмуни ҷум-ҳуриявии телевизионии эҷо-диёти халқ «Андалеб-2021»-ро баргузор менамоянд.

2. Шартҳои фестивал - озмун

Мақсад аз баргузории фестивал - озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ буда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани он бояд тамоми муассисаву ташкилот, идораву корхонаҳо, инчунин ашхоси ало-ҳида саҳмгузор бошанд. Дастгирию ташаббуси ҳамагон имкон медиҳад, ки аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2021» комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи кишварро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон гардонанд.

Агарчи дастаҳои ҳунарӣ дар интихоби мавзӯъ ва ҳунарнамоӣ соҳибихтиёр бошанд, вале мақсаду меҳвари асосии фестивал - озмун, мавзӯи марказии ҳар бахши ҳунарӣ бояд марбут ба истиқлолияти ҷумҳурӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати истиқлолият, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фар-ҳанги миллӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон бошад.

Барои иштирок дар фестивал - озмун ҳар як дастаи ҳунарӣ барномаи зеринро пешниҳод менамояд:

1. Намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар»
2. Суруди ҳамсараён аккопела (бе сози мусиқӣ) то 6 дақиқа буда, мавзӯи он васфи Ватан, сулҳу суботи кишвар, инъикоси меҳнати бунёдкоронаи мардуми Тоҷикистон аст. Шумораи овозхонон ба салоҳдиди хормейстер вогузор мешавад.
3. Намоиши сарулибоси миллӣ бо иловаи навгониҳои имрӯза. Давомнокии намоиш то 10 дақиқа буда, теъдоди иштирокчиён ба салоҳдиди коргардон вогузор мегардад.
4. Навозиши умумӣ, давомнокӣ то 5 дақиқа, дар ансамбл танҳо созҳои миллӣ истифода шаванд.
5. Рақси яккаи дорои мавзӯи мушаххас дар иҷрои зан ё мард. Давомнокӣ то 4 дақиқа.
6. Суруди якка бо либоси миллӣ дар иҷрои мард ё зан. Давомнокӣ то 5 дақиқа. Матни суруд бояд дар васфи Модар, Ватан, Тоҷикистон, сулҳ, дӯстӣ, Ваҳдат, ифтихор аз миллат ва истиқлолият бошад.
7. Навозиши якка бо сози нодири миллӣ (қонун, сато, қушнай, меҳтар, уд, арфа) давомнокӣ то 4 дақиқа.
8. Бадеҳа, дуэт ё лапар. Давомнокӣ то 5 дақиқа дар либоси миллӣ. Мавзӯи ишқу муҳаббат. (бадеҳа ба намоиши оммавӣ табдил наёбад, зеро аъзоёни ҳакамон танҳо ба маҳорати ду ҳунарманд баҳо медиҳанд).
9. Суруди анъанавӣ: шашмақом, фалак, гуруғлӣ, лалаик, мадҳияхонӣ. Давомнокӣ то 5 дақиқа.
10. Саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди ҳаҷвӣ, монолог ё аския дар мавзӯи доғи рӯз дар доираи 7 дақиқа.
11. Порча аз анъанаҳои мардумӣ мавзӯи озод дар доираи то 10 дақиқа.
12. Сюитаи овозию рақсӣ дар доираи 10 дақиқа. 
Сюита бояд фарогири мавзӯъҳои ватандӯстӣ, сулҳ, меҳнат ва дӯстӣ бошад.

Дар маҷмӯъ, барномаи ҳунарии хар як даста дар доираи як соату 30 дақиқа таҳия мегардад.

Ҳолати ободонии муассисаҳои фарҳанг аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо санҷишу таҳлили ҳамаҷониба баҳогузорӣ мегардад. Баҳои ҳакамон ба вазъи ободонии муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 10 хол буда, ҳангоми ҷамъбасти умумӣ ба холҳои умумии дастаҳои ҳунарӣ зам мегардад.

Ҳамзамон саҳми раисони шаҳру ноҳияҳое, ки нисбати ободонии муассисаҳои фарҳангӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷ-ҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро бо биноҳои нав, дастгоҳои бофандагӣ, тақвияти овоз, созҳои мусиқӣ, мизу курсӣ, китобҳои тозанашр, сарулибоси саҳнавӣ ва дигар таҷҳизоти зурурӣ таъмин намудаанд, иловатан то 5 хол баҳогузорӣ мешавад.

Дар доираи барномаҳои Фестивал - озмун истифодаи фонограмма, ҷалби ҳунармандони касбӣ, (ғайр аз коргардон, хормейстер ва устоди рақс), ҳавскорони дигар маҳалҳо, либосҳо ва жанрҳое, ки дар низомномаи мазкур зикр нагардидаанд, нигораҳои осорхонаҳо манъ аст.

3.Тартиби баргузории фестивал - озмун

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» бо иштироки фаъолонаи дастаҳои ҳавскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат, дар се навбат баргузор мегардад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ навбати аввали озмунро аз моҳи март то нимаи дуюми моҳи майи соли 2021-ум дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва даври дуюми онро моҳи июн дар маркази вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор менамоянд.

Даври аввал ва дувуми озмун дар маҳалҳо бо салоҳдиди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо таъсиси кумитаҳои тадорукот ва ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, олимону адибон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанг ва телевизиону радиои маҳаллӣ баргузор гардида, то 15 майи соли 2021 ҷамъбаст, ғолибон муайян ва ба раёсати вилоятҳо пешниҳод мегарданд.

Ғолибони даври дуюми озмун аз ВМКБ ду дастаи ҳунарӣ, аз вилояти Суғд се дастаи ҳунарӣ, аз вилояти Хатлон (минтақаи Кӯлоб ва Бохтар) чор дастаи ҳунарӣ интихоб гардида, ба даври сеюм ҳуҷҷатҳо оид ба ҷамъбасти фестивал - озмун: протоколи ҳайати ҳакамон, барномаҳои ҳунарӣ, руйхати иштирокчиён ирсол мегарданд.

Раванди умумии баргузории фестивал - озмунро Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ, дар маҳалҳо: кумитаи тадорукотии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ назорат мекунанд.

Ҳайати ҳакамони таъсисдодаи Вазорати фарҳанг аз нимаи якуми моҳи июни соли 2021 ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаҳои ғолибони даври дувуми фестивал-озмунро қазоват ва барои иштирок дар даври ҷамъбастӣ аз водии Ҳисор ду дастаи ҳунарӣ, аз минтақаи Рашт ду дастаи ҳунарӣ ва аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе як дастаи ҳунариро муайян ва пешниҳод менамоянд.

Даври сеюми (ҷамъбастии) фестивал - озмун дар нимаи якуми моҳи августи соли 2021 бо иштироки ғолибони даври дуюм дар Филармонияи давлатии То-ҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

4. Шартҳои молиявии фестивал - озмун

Хароҷоти сафари иштирокчиёни фестивал - озмунро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пардохт менамоянд. Баргузорӣ, васоити техникӣ, интишори афиша, даъватнома, рӯзномаи фестивал, ба уҳдаи Кумитаи тадорукоти фестивал мебошад.

Ҷараёни фестивал тавассути васоити ахбори умум ҳамаҷониба тарғиб мегардад.

5. Мукофотҳо

Ғолибону иштирокчиёни фаъоли даври аввал ва дуюми Фестивал-озмунро бояд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сазовор қадрдонӣ намоянд.

Барои ғолибони даври ниҳоии Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2021» ва номинатсияҳои беҳтарин аз ҷониби муассис - Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои пулӣ (тибқи сметаи хароҷотӣ) супорида мешаванд.

Иштирокчиён ва созмондиҳандагони фаъоли фестивал-озмун инчунин бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон сарфароз мегарданд.

Ҷараёни тайёрӣ, ташкил ва баргузории фестивал - озмун ба уҳдаи Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вогузор карда шудааст.

Телефонҳо барои тамос: 223-04-72; 223-04-50; 221-79-62; 221-16-82.