Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 07:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар ноҳияи Дарвоз озмуни «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров» доир мешавад

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз барои ҷалби ҳарчӣ бештари хонандагон ба мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров байни сокинони ноҳия озмун эълон кард. Дар озмун наврасону ҷавонон ва калонсолон ширкат карда метавонанд. Озмуни мазкур панҷ моҳ идома ёфта, ғолибони он дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.

Собиқадори меҳнат Ҳайдаршо Насибов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки «мутолиаи ин асари безаволу мондагор барои ҳар сокинони кишвар шарт ва зарур аст. Зеро бе огоҳӣ аз таърихи ҳаёти гузаштаи халқи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Ин китоб оинаи воқеии халқи тоҷик аст, ки аз даврони ориёиҳо то давраи муосир бо санаду далелҳои таърихӣ собит месозад, ки халқи тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар рушду такомули илму фарҳанги ҷаҳонӣ нақши барҷаста гузоштааст. Бо сифати баланд чоп шудани ин асар ва ройгон тақсим кардани он миёни аҳолии Тоҷикистон яке аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат барои дарки ҳувияти миллӣ ва хештаншиносию ватандорӣ мебошад. Ман аз наврасону ҷавонон даъват мекунам, ки агар дар дил хоҳиши донистани таърихи комили халқи худро дошта бошанд, ҳатман ин асари таърихиро мутолиа кунанд».

АМИТ «Ховар»