Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 06:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Чорабинӣ дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон

1 марти соли 2021 аз таъсисёбии муассисаҳои давлатии телевизионҳои «Варзиш», «Синамо» ва «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» панҷ сол пур шуд. Вобаста ба ин, дар толори Академияи ВАО-и Тоҷикистон чорабинӣ бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода, директорони муассисаҳои давлатии “ТВ Ҷаҳоннамо” Садриддин Шамсуддинзода, “ТВ Синамо” Набӣ Набизода, “ТВ Варзиш” Хуршед Файзуллозода, Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода кормандон ва собиқадорони соҳа баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин рӯйдоди муҳим табрик гуфт.

Сипас, як қатор кормандон ва собиқадороне, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои соҳавии нишони «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома» сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин ба кормандони техникии марказҳои матбуотии вазорату кумитаҳо, ки дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон машғулиятҳои омӯзиширо гузаштанд, сертификатҳои такмили ихтисос супорида шуд.

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки якуми марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ин се иншооти муҳими воситаҳои ахбори оммаро ифтитоҳ намуда буданд.

Бону Носирова