Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 08:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман » - чароғи олами ҳунар

«Зиндагии оянда аз наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани техникаву технологияи навтарин ва забондониро талаб мекунад».

Эмомалӣ Раҳмон

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 оид ба гузаронидани озмуни Тоҷикистон - Ватани азизи ман» армуғони бебаҳоест ба ифтихори ҷашни муаззами 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин амали неку судманд мисли офтоб дилу дидаи аҳли ҳунарро мунаввар гардонид, Ба ин васила ҳунармандон бо завқи баланди зебоӣ ба эҷоди асар ва оҳангҳои дилошӯб мароқ зоҳир мекунанд.

Баргузории озмунҳои мухталиф барои рушди илму ҳунар, зуҳури оҳангу чеҳраҳои нави олами санъат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Дар номинатсияи сарояндагӣ, композиторӣ ва навозандагӣ, ки дорои вижаи хос мебошад, танҳо наврасону ҷавонони боистеъдод ширкат карда метавонанд. Воқеан, имрӯз дар ин самт тозакорӣ ва бозёфти нодир хеле кам ба мушоҳида мерасад.

Тоҷикистони озоди мо аз ҳарвақта дида имрӯз бештар ба пешрафти илму фарҳанг ниёз дорад. Роҳ кушодан ба ҷилои чеҳраҳои нави олами ҳунар вазифаи ҳамагонии мост.

Талошу заҳмати Пешвои муаззами миллат ҷиҳати шукуфоии диёри арҷманди тоҷикон бесобиқа аст. Минбаъд ин Ватани зебову дилоро ба мутахассисони варзида шаҳомати фарҳангии замони истиқлолро ба оламиён муаррифӣ хоҳад кард.

Дар пеш моро ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст. Бо нигоҳи тоза ва ташаббусҳои наҷиб истиқболи ин санаи сабзи таърихи миллат мувофиқи мақсад мебошад. Саҳми аҳли фарҳанг дар бунёди давлати соҳибистиқлол кам нест. Ба сухани Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон: «Фарҳанг ҳастии миллат аст» такя карда, мо бояд ҷиҳати иҷрои Амри Президент тадбирҳои мушаххас биандешем ва барои расидан ба армонҳои миллат талош варзем.

Баргузории озмун бори дигар нишон дод, ки дар байни мардум шумори ҳунармандон хеле зиёд аст. Танҳо ҳавасмандгардонӣ намерасиду халос. Инак, саҳнаи намоиши ҳунар омода гардид. Ҳар шаҳрванди бонангу номус ва ватандор метавонад бемамониат дар ин майдон ҳунари хешро муаррифӣ намуда, соҳиби мукофот гардад.

Маблағи умумии озмуни мазкур, ки (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, интизори маҳорати чеҳраҳои нави олами фарҳанг мебошад. Мо аминем, ки дар рафти ин озмуни ҳамешабаҳор гулҳои тару тоза чаманистони Тоҷикистони азизро боз ҳам зеботар мегардонанд.

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Насиба Назарзода,
муҳаррири МД маҷаллаи «Хорпуштак»