Сомонаи пешина | Яш, 14 Август 2022 / 16:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Оркестри нави созҳои миллӣ дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат

 

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода оркестри созҳои миллӣ дар ҳайати 70- нафар таъсис дода шуд.
Оркестри нав бо мақсади боз ҳам ғанӣ гардонидани фазои фарҳангии кишвар, ҷалби ҷавонон ба санъати миллӣ ва ҳифзи анъанаҳои ниёгон таҳти роҳбарии дотсент, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Пиров ташкил карда шудааст. Ба ҳайати оркестр профессорон, устодон ва донишҷӯёни фаъоли донишкада шомиланд.
Барномаи оркестр аз оҳангҳои эҷодкардаи оҳангсозони тоҷик ва хориҷӣ иборат мебошад.
Роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода тасмим гирифтааст, ки ҳайати оркестри донишкадаро бо асбобҳои миллӣ, аз ҷумла най, найи хурд, рубоби бадахшӣ, рубоби қошғарӣ, рубоби бас, рубоби контрбас, сози ғижжак, ғижжак контрбас, дойра, нақора, қонун ва чанг ба пуррагӣ таъмин намуда, барномаи оркестрро аз эҷодиёти композиторони ватаниву хориҷӣ боз ҳам бою рангин намояд ва ба ин васила барои рушди санъати касбии мусиқии миллӣ замина гузорад. Зеро оркестри созҳои миллӣ аз як тараф санъати касбии миллати тоҷикро муаррифӣ намояд, аз ҷониби дигар барои иттиҳоду ваҳдати мардуми бофарҳанги тоҷик, алалхусус ҷавонон, ки пешбаранда ва инкишофдиҳандаи ояндаи фарҳанги миллии мо маҳсуб меёбанд, мусоидат менамояд.
Боиси зикр аст, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри самарабахш ва арзанда гузаронидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдомҳои гуногунро амалӣ гардонида истодааст. Таъсисёбии Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа)-и вилояти Хатлон ва ансамбли нави фолклорӣ-этнографӣ дар назди Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд намунаи ин иқдомҳо мебошад.
Ҳадафи асосӣ аз иқдомҳои мазкур ғанӣ гардонидани фазои фарҳангии диёр, таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, ҷалби истеъдодҳои ҷавони лаёқатманд ва ҷалби эътибори мардум ба санъат ва фарҳанги миллӣ мебошад.