Наврасони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Камолиддин Худоймерганов ва Нозанин Ҷамшедзода дар Фестивал-озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакон ва ҷавонон “Роза Востока”, ки тариқи онлайн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд. Инчунин, Зиёда Волидова ба гирифтани ҷои дуюм дар ин фестивал-озмун шарафёб шуд.
Фестивал-озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакон ва ҷавонон “Роза Востока” моҳи декабри соли 2020 дар бахшҳои гунон баргузор гардида, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Худоймерганов дар бахши навозандагӣ (дутор) аз гурӯҳҳои синнусоли 14 - 17 - сола, Нозанин Ҷамшедзода ва Зиёда Волидова дар бахши рақс аз гурӯҳҳои синнусоли 9 - 12 - сола дар байни намояндагони 15 мамалакати дунё ширкат варзида, маҳорати баланди касбии худро намоиш доданд.
Ҳамчунин, ин наврасони соҳибистеъдод дар Фестивал-озмуни байналмилалии истеъдодҳои ҷавон “KGтай” дар Ҷумҳурии Қирғизистон, ки он ҳам тариқи онлайн баргузор гардид, иштирок намуданд. Ҳамин тавр, Камолиддин Худоймерганов соҳиби Шоҳҷоиза, Нозанин Ҷамшедзода ва Зиёда Волидова сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Ансамбли рақсии “Гулноз”-и назди Кохи фарҳанги ба номи А.Рӯдакӣ, низ дар Фестивал-озмуни байналмилалии истеъдодҳои ҷавон “KGтай” иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид. Ғолибонро бо диплом сарфароз гардониданд.