Сомонаи пешина | Шб, 06 Март 2021 / 16:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивали фарҳанги кишварҳои аъзои СҲШ дар шакли нотакрор баргузор мегардад

ms-news-23-09-2020

Фестивали байналмилалии фарҳанги кишварҳои аъзои СҲШ, ки ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва баҳри шиносоӣ бо санъати кишварҳои аъзо равона гардидааст бояд соли 2020 дар Русия барпо мегардид. Бо сабаби пандемия шакли баргузории фестивал тағйир дода шуд – лоиҳа дар намуди филми фарҳанги кишварҳои аъзоро муаррификунанда ва марзҳои байни давлатҳоро аз байн баранда манзур мегардад.

Ба туфайли пахши намоиши телевизионӣ ва интернетӣ тамошобин садои оҳанги асбобу созҳои халқии ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО воридшударо шунавида, бо қуллаҳои санъати мусиқию хореографии кишварҳои мухталиф, бо анъанаҳои тамаддунҳои қадимӣ ошно мегардад ва бо фолклори дар классикаи ҷаҳонӣ инъикосёфта шиносоӣ пайдо мекунад.

Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли 2001 таъсис ёфтааст, ҳамчун пайванди ногусастанӣ байни Русия, Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гардидааст. Ҳамаи аъзои СҲШ барои ҳифзи намудҳои гуногуни эҷодиёти мардумӣ кӯшиш ба харҷ дода, дар як вақт тибқи ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ самтҳои муосирро дар санъату фарҳанг густариш ва рушд медиҳанд.

Кишварҳои аъзои СҲШ махсус барои лоиҳа баромади коллективи академии пешбари мамлакатро сабт намудаанд. Ҳамаи асарҳо дар як филми калонҳаҷми консертӣ гирд овардашуда, ҳиссаи оҳангсозони ин кишварҳоро дар фарҳанги ҷаҳонӣ ба намоиш мегузорад.

Русияро Оркестри калони симфонии ба номи П.И. Чайковский муаррифӣ намуда, мусиқиро аз балети Игор Стравинский «Петрушка» иҷро менамояд, ки дар он ғановати нотакрори рӯҳи рус равшан инъикос мегардад. Пеш аз баромади коллективҳо суханронии вазирони фарҳанг пешниҳод мешавад.

«Ман мушарраф гардидаам, ки тамошобинони онлайнии воқеаи нодири байналмилалӣ – Фестивали фарҳанги кишварҳои аъзои СҲШ-ро муборакбод намоям, ки имсол дар кишвари мо барпо мегардад. Санъат баҳри ҳифзи асосҳои тамаддун, ки яке аз арзишҳои меҳварии инсониятанд, кӯмак мерасонад. Маҳз бо ҳамин сабаб мо кӯшиш намудем, саҳифаи тозаи фестивалро дар шакли онлайнӣ муаррифӣ намуда, бойигарии бузурги халқҳои худро ба тамошобинони ҳамаи кишварҳо манзур намоем», арз менамояд дар баромади навории худ Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Любимова.

«Ҳиссаи классикони рус ба фарҳанги ҷаҳонӣ нотакрор аст. Асарҳои Чайковский, Рахманинов, Шостакович, Прокофев, Мусоргский аз аср ба аср гузашта, то абад чун мероси санъати мусиқии ҷаҳонӣ боқӣ мемонанд. Имрӯз мо тамошобинро бо асари барҷастаи Игор Стравинский «Петрушка» ошно месозем. Балет чун саҳифаи дурахшони «Фаслҳои рус» дар Париж ба ҳисоб рафта, дар Аврупо русуму анъанаҳоро ба ҳама чизҳои русӣ қарор дод ва бо он рангҳои гуногуни танҳо ба он хос номи яке аз рамзҳои фарҳанги русиро ба худ гирифт», илова намуд роҳбари муассисаи Русия.

Ӯзбекистон достони «Тановор»композитор Алексей Козловскиро, ки дар асоси суруди халқии узбекии ҳамном офаридааст пешкаш менамояд. Онро Оркестри миллии симфонии Филармонияи давлатии Ӯзбекистон дар ҳамовозии солистони ансамбли рақсу таронаи «Навбахор» иҷро менамояд.

Қазоқистон дар иҷрои Оркестри симфонии Театри давлатии опера ва балети «Астана Опера» жанри “куйи симфонӣ” – пйесаи анъанавии созию симфониро муаррифӣ менамояд, ки дар он афсонаюқиссаҳои халқӣ инъикос ёфтаанд.

«Навои шарқ», ки асбобҳои оркестрии шарқию аврупоиро бо ҳам омезиш додааст дар иҷрои Оркестрии давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад.

Санъати Қирғизистонро дар як вақт панҷ ансамбли машҳур ва яккахон – ҳунарманди мардумии ИҶШС ва Ҷумҳурии Қирғизистон Самара Токтахунова муаррифӣ менамоянд. Онҳо ду асари қирғизии «Ибарат» ва «Ҷашни меҳнат»-ро пешниҳод менамояд.

Суруди халқии “Дили хитойии ман”-и композитори машҳури чинӣ Сяо Ли Динро, дар иҷрои Оркестри миллии симфонии Хитой муаррифӣ мегардад.

Мероси мусиқии Ҳиндустон ва садои асбобҳои нодири халқиро Ансамбли ҳиндии мусиқии халқӣ таҳти роҳбарии композитор ва дирижёр Шри Бхаджан Сопорӣ ва Ансамбли мусиқии халқии Кашмир «Ҳафтранг» таҳти роҳбарии композитор ва дирижёр Абай Рустум Сопорӣ иҷро менамоянд.

Лоиҳа бо супориши Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия бо дастгирии Дирексияи федералии барномаҳои мусиқию фестивалӣ «РОСКОНТСЕРТ» амалӣ мегардад.

Намоиши филм дар портали «Культура.РФ», дар сомонаи шарики генералии иттилоотии «ТАСС» и Youtube-канали ФГБУК «РОСКОНЦЕРТ» пахш мегардад.