Сомонаи пешина | Шб, 06 Март 2021 / 16:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Бори аввал харитаи мукаммали ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон омода мешавад

YOdgorihoi-tarihi

Мутахассисони институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон бори аввал  харитаи мукаммали ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои мамлакатро омода менамоянд.  То имрӯз бостоншиносон Ю. Яқубшоев, Т.Филимонова, А. Абдуллоев, Т. Мансуров, Г. Каримова харитаи ёдгориҳои таърихии ноҳияҳои Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, шаҳри Ҳисор ва Помири Шарқиву Ғарбиро омодаву чоп намудаанд. Харитаи ёдгориҳои ноҳияҳои  Ёвон, Данғара, Темурмалик, Муъминобод ва Фархор низ барои чоп омода шудаанд.

Тавре аз  Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  бостоншиносон таҳияи харитаи мазкуро бо мақсади ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ рӯи кор гирифтаанд.

Дар харита, ки бори аввал омода мешавад, ҳудуд ва макони ҷойгиршавии ёдгориҳо дақиқ муайян мегардад. Ин имкон медиҳад, ки дар  макони ҷойгиршавии ин ёдгориҳо  ҳангоми тақсими замин ҳудуди онҳо  ба назар гирифта шуда,   чун замини кишт ё қитъаи наздиҳавлигӣ истифода нашаванд.

Мавриди зикр аст, ки бино бар сабаби набудани харитаи ёдгориҳои таърихӣ дар  мамлакат ҳолатҳои   чун замини кишт, қитъаи наздиҳавлигӣ ва қабристон тақсим ва истифода шудани  ҳудуди баъзеи ёдгориҳои таърихӣ  ба назар мерасанд.

Тибқи иттилои масъулини Вазорати фарҳанг, дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 адад ёдгориҳои меросии таърихию фарҳангӣ, 6 адад муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, миқдори зиёди осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хонамузейҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, инчунин дигар ёдгориҳои алоҳидаи меъморӣ ва таърихию бостоншиносӣ  мавҷуд мебошанд.

Аз ҷониби кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат» омода гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 феҳристи мазкур бо номнависии 3416 адад ёдгориҳои ғайриманқул ба тавсиб расид. Аз ин теъдоди ёдгориҳо 70% он ёдгориҳои бостонӣ ва боқимонда ёдгориҳои меъморӣ ва монументалӣ мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои мансуб ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ бамаротиб афзоиш ёфта, таваҷҷуҳ ба мероси моддии ниёгон ва худшиносии миллӣ тадриҷан афзун гардидааст.

Давоми соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ зиёда аз 90 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ  тармиму барқарорсозӣ ва эҳё гардидаанд. Корҳои  тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи давлатии ҳифзи  мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» амалӣ карда мешаванд. Мақсади асосии барнома ба низом даровардан, ҳифзу нигаҳдошт, тармиму барқарорнамоӣ, истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии мамлакат баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси ҷаҳони муосир гардонидани  сарватҳои таърихию фарҳангии  халқи тоҷик ба шумор меравад.

Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.

 

/АМИТ «Ховар»/