Сомонаи пешина | Пш, 03 Декабр 2020 / 00:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Вазорати фарҳанг барои баррасии омодагиҳо ба чорабиниҳои бузурги соли 2021 ҷаласа баргузор гардид

 

IMG 7850

23 октябри соли 2020 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи васеъи соҳаи фарҳангу ҳунар баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи тевизион ва радио, роҳбарони муассисаҳои театрию консертӣ, раёсату бахшҳои фарҳанг дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, коршиносони соҳа, оҳангсозон ва коргардонҳо иштирок намуданд.

Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иброз доштанд, ки соли 2021 кишвари мо бузургтарин чорабинии муҳими милливу сиёсӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил менамояд. Ҳамчунин дар ин сол аз таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай 20 сол пур мешавад ва боиси ифтихор аст, ки ҷаласаи ҷашнии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда қайд карданд, ки аҳли фарҳангу ҳунарро зарур аст, то барои ҷашнҳои мазкур барномаҳои ҷолиби баландмазмун омода намоянд. Суруду мусиқӣ ва рақсҳои нав бояд эҷод шаванд, ки ҳам ҷанбаи ватандӯстона дошта бошанду ҳам санъати миллиро муаррифӣ созанд ва барои тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳм гузоранд.

Аз ҷумла супориш дода шуд, ки барои дарёфти чеҳра ва истеъдодҳои нав озмунҳои гуногун байни оҳангсозон, сарояндагон, ҳунарпешаҳои рақс баргузор карда шавад.

Зимни ҷаласа инчунин масоили ташкилии чорабиниҳо, ҷалб ва ҳавасманд кардани ҳунармандон, ҳалли мушкилоти соҳа ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

IMG 7864