Сомонаи пешина | Чш, 02 Декабр 2020 / 23:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар шаҳристони Тахти Сангин гӯшвори тиллоӣ, тангаҳои давраи Юнону Бохтар ва сафолпораҳо пайдо гардиданд

IMG-20a8aa7ef2f38477361e0ad524e65f5d-V

 

Дар ҳафриёти навбатӣ дар шаҳристони Тахти Сангин аз ҷониби гурӯҳи бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бозёфтҳои хеле нодир, ба мисли гӯшвори тиллоӣ, тангаҳои давраи Юнону Бохтар ва сафолпораҳо пайдо гардиданд. Бозёфтҳои нодир аз ҷониби бостоншиносон мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ директори Институти мазкур Насрулло УБАЙДУЛЛО хабар дод.

Номбурда зикр кард, ки гурӯҳи бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарии бостоншиносон Н. Сайфуллоев ва Т. Хӯҷагелдиев аз 1 октябри соли равон дар шаҳристони Тахти Сангин ба кори таҳқиқотӣ шурӯъ намуданд.

Ин мавзеи таърихӣ дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир буда, яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон маҳсуб меёбад. Шаҳристони Тахти Сангин дар масоҳати зиёда аз 80 гектар ҷой гирифта, атрофи онро деворҳои баланди мудофиавӣ ишғол намудаанд. Ин мавзеи таърихӣ солҳои тӯлонӣ аз ҷониби бостоншиносони шӯравӣ ва хориҷӣ омӯхта шуда бошад ҳам, то ҳол тамоми ҳудуди шаҳр ва мавзеъҳои атрофи он ба таври пурра таҳқиқ наёфтааст.

Асосан ковишҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта оғоз ёфта, солҳои 1976-1991 гурӯҳи Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ бо роҳбарии академик Б. Литвинский ва И. Пичикян ва аз соли 1998 бостоншиносони Институти таърих зери роҳбарии А. Дружинина  дар ин мавзеъ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида буданд.

Таваҷҷуҳи олимонро асосан маъбади оташ бо дарозӣ ва паҳноии 51х51 м., биноҳои истиқоматӣ, косибӣ ва анбор,  толори сафеди мураббаи андозааш 12х12 м., чор сутуни калони он, деворҳои баландиашон то 5 м., оташкадаҳо, муҷассама ва ашёи дигари шаҳристони Тахти Сангин, ки  дар ҳолати хуб маҳфуз мондаанд, бештар ба худ ҷалб намуданд.

Тахти Сангин ёдгории чандқабата буда, қабати қадимаи он ба асрҳои VI –V то милод рост меояд, сохтмони маъбади оташ ва дигар биноҳо ба асри  IV то милод мансубанд, ки то асрҳои III — IV милодӣ тармиму таъмир ёфтаанд.

Шумораи бозёфтҳои ин мавзеъ беш аз 12 ҳазор ашёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи он дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих нигоҳ дошта мешаванд. Ин ашё асосан аз тилло, нуқра, биринҷ, оҳан, оҷ (устухони фил), шиша, санг, гаҷ, гил мебошанд ва анвои гуногуни аслиҳаи ҷангӣ, ба мисли найза, пайкон, шамшер, ханҷар, сипар, хӯд ва ғайра низ мавҷуданд, ки дар ҳолати хеле хуб маҳфуз мондаанд.

            IMG-7e8e230188be38f5a1df0328e34408d4-V-225x300          IMG-91d7e40576c52b56282592de887c2f5f-V-225x300          IMG-d9234f970dfa92ecd03d9c02e3611e29-V-225x300

 

Ба андешаи олимон, дафинаи бебаҳое, ки бо номи «Хазинаи Амударё» машҳур ва дар осорхонаи марказии Лондон маҳфуз аст, аз ҳамин мавзеъ ёфт шудаанд.

Қисми зиёди бозёфтҳоро ашёи аз фулузот (тилло, нуқра, биринҷӣ, оҳан), оҷ ва устухони муқаррарӣ, шохи ҳайвонот, гаҷ, гили пухта ва хом, санг ва шиша сохташуда ташкил медиҳанд. Яроқу аслиҳа, ба мисли пайкон, найза, шамшер, ханҷар, сипар, хӯд ва ғайра хеле зиёд дарёфт шудаанд.  Баъзе аз ашёи ороишӣ ва ҳатто ҳайкалҳо аз нуқра ва биринҷӣ сохта шуда буданд.

Тиллоро барои сохтани зебу зиннат, тоҷ, ришта ва абраи либос истифода мебурданд. Инчунин бисёре аз ҳайкалҳоро оби тилло медавониданд. Маҷмӯаи ашёи аз оҷ (устухони фил) сохташуда бисёр ва гуногунанд – инҳо ашёи рӯзгор даста ва ғилофи яроқҳо, ашёи ороишӣ ва асарҳои санъат мебошанд. Ашёи аз оҷ сохташударо бо кандакории тасвирҳои гуногун оро медоданд. Қисми асосии ҳайкалҳо аз гаҷ ё гил сохта шуда, бо рангҳои гуногун мунаққаш шудаанд. Дар ороиши маъбад аз сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳои ороишӣ  ба таври васеъ истифода бурдаанд.

Президенти АМИТ, академик Ф.Раҳимӣ ва директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба ном А. Дониш профессор Н.Убайдулло аз ин мавзеъ дидан намуда, бо ҷараёни корҳои бостоншиносон шинос шуданд. Ҳоло корҳои ҳафриётӣ дар Тахти Сангин идома доранд.

 

ДУШАНБЕ, 14.10.2020. /АМИТ «Ховар»/