Сомонаи пешина | Дш, 26 Октябр 2020 / 15:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон муайян шуданд

IMG 7824

 

14 октябри соли 2020 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти Озмуни љумњуриявии драмнависон бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ драмнависону коргардонҳо, намояндагони санъату театр ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ғолибони озмунро муборакбод намуд ва ба онҳо парвозҳои боз ҳам баландтари эҷодӣ таманно намуд.

“Тавре иттилоъ доред дар оѓози сол ба ифтихори 30-солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон Вазорати фарњанг Озмуни љумњуриявии драмнависонро бо маќсади дарёфти асарњои нави замонавї, рушди драматургияи миллї, тарѓиби дастовардњои замони Истиќлолияти давлатї, вањдату ягонагї, сулњу субот, ватандўстї, созандагиву ободонї, анъанањои хуби таърихию фарњангї, муќовимат бо коррупсия, терроризм ва дигар зуњуроти номатлуби љањони муосир, тањияи асарњои баландѓояи ватанї ва пурра гардидани репертуари театрњои касбии мамлакат, эълон намуда буд, - иброз дошт Вазири фарҳанг.

Сипас ғолибони озмун бо диплом ва мукофоти пулӣ қадр гардиданд. Тибқи қарори ҳайати ҳакамон, ки ба он шахсиятњои шинохтаи соња шомил буданд, асарҳои драмнависони зерин сазовори ҷойҳои гуногун ва дипломи озмун гардиданд:

Мукофотњои њавасмандгардонї ба Ўрунбой Усмонов барои драмаи дупардагии “Ќарз”, ба Гулчењра Муњаммадиева барои драмаи дупардагии “Печутоби таќдир”, ба Њалим Шариф барои драмаи дупардагии “Фољиаи Тангроња” ва ба Абдуѓаффор Абдуљаббор барои драмаи дупардагии “Бобуна”лоиқ дониста шуд.

Иброњим Усмонов бо драмаи дупардагии “Дањ рўзи генерал Шерак” ва Абдувадут Файзиев бо мазњакаи дупардагии “Фарёди ишќ” ҷои сеюми озмунро ба даст оварданд.

Мазњакаи дупардагии Ато Њамдам ва Леонид Чигрин “Муаллими раќс” ва драмаи дупардагии Шодї Солењ “Ќумрї шишту Шоњин парид” сазовори ҷои дуввум дониста шуданд.

Љойи якуми озмун тибқи қарори њайати њакамон ба ягон асар дода нашуд.

IMG 7802