Сомонаи пешина | Дш, 26 Октябр 2020 / 15:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баррасии натиҷаи фаъолияти соҳаи фарҳанг ва табъу нашр дар нӯҳ моҳи соли 2020

IMG 7776

 

9 октябри соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири фарҳанг Қурбоналӣ Абдураҳимзода ва иштироки роҳбарони муассисаҳои соҳаи табъу нашр ва фарҳанг ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа фаъолияти сохторҳои мазкур дар нӯҳ моҳи соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастоварду мушкилот ва дурнамои рушди муассисаҳои фарҳангии кишвар муайян гардиданд.

Сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Раҳмоналӣ Шералиев ва иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Нуралӣ Мирзоалиев оид ба натиҷаҳои фаъолият дар давраи мазкур ҳисобот доданд ва барои рушди соҳаҳои мазкур пешниҳодҳо намуданд.

Масъалаҳои асосие, ки аз ҷониби намояндагони шуъба ва бахшҳои фарҳанг пешниҳод шуданд, асосан ҷалби мутахассисони касбӣ, корҳои ободонӣ, омодагї ба зимистонгузаронї, пешгирї аз бемории ҳамагири COVID-19, таъминот бо таљҳизоти зарурӣ, дастрасии китобхонаҳо ба китобњои тозанашр ва ташкили филиал-китобхонањо дар маҳалҳои тозабунёди аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои љумњурӣ буданд.