Сомонаи пешина | Дш, 26 Октябр 2020 / 15:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷаласа оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ

IMG 7746

 

8 октябри соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода ва иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимии зерсохтори вазорат, шуъбаи дурнамои иқтисодӣ ва баҳисобгирӣ, инчунин шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти сохторҳои мазкур дар нӯҳ моҳи соли 2020, инчунин дурнамо ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ гардиданд.

Манучеҳр Шарифзода дар оғози маҷлис иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ин омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳар як корманди муассисаҳои зерсохтори вазорат ва ҳар як шахси фарҳангӣ бояд бо масъулият ва дарки баланди шаҳрвандӣ дар дар ин маъракаи муҳим фаъолона иштирок намояд.

Сипас тибқи рӯзномаи муқарраргардида маърузачиён оид ба натиҷаи фаъолияти нӯҳмоҳа ҳисобот доданд. Маъалаҳои ҷорӣ ва норасоиҳову дастовардҳо аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикитон ба номи Т. Сатторов Миралӣ Достизода, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Муҳриддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода ва директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимӣ оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва корҳои илмиву пажӯҳишӣ пешниҳодҳои ҷолиб намуданд.