Сомонаи пешина | Дш, 26 Октябр 2020 / 14:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Вазорати фарҳанг оид ба натиҷаҳо ва дурнамои фаъолияти муассисаҳои театрию консертӣ ҷаласа баргузор гардид

IMG 7711

 

7 октябри соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанг Обид Назариён ва иштироки роҳбарони муассисаҳои театрию консертии кишвар ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти муассисаҳои театрию консертии зертобеи вазорат дар нӯҳ моҳи соли 2020, инчунин дурнамо ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ гардиданд.

Обид Назариён супориш дод, ки муассисаҳо пеш аз ҳама дар давраи бемории ҳамагири COVID-19 ба чораҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва бо дарназардошти вазъияти ба миёномада чорабиниҳоро бо иштироки шумораи ками тамошобинон ё тариқи онлайн баргузор намоянд.

Инчунин ба муассисаҳои театрию супориш дода шуд, ки ба ҷашнҳои дар пеш истода, хусусан 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҷиддӣ дида, барои эҷоди суруду мусиқӣ ва рақсҳои нави ҷолиб аҳамияти бештар диҳанд. Муассисаҳои театрӣ муваззаф гардиданд, ки ба истиқболи ин ҷашн репертуари худро аз намоишномаҳои нави пурмазмун ғанӣ гардонанд.

IMG 7720